Бахшҳо

Пажуҳиш: Узбак, туркман, қирғиз... аз тоҷикон хушбахттаранд

Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди дараҷаи хушбахтӣ дар дунё - World Happiness Report 2016, ки зери назари Созмони Милали Муттаҳид таҳия мегардад, миёни 156 давлати дунё дар мақоми 100-ум қарор гирифтааст.

Гузоришгарон аз Донишгоҳи Колумбия шохиси зиндагӣ, розигии сокинони кишварҳо, қобилияти харидорӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, озодиҳои шахсӣ, фасод, ташвишҳо тайи як соли гузашта ва дигар омилҳоро таҳлил карда, муайян намудаанд, ки хушбахттарин кишвари дунё Дания мебошад. Швейтсария, ки соли гузашта якум буд, имсол ба мақоми дуюм поин фаромадаст. Исландия-3, Норвегия – 4 ва Финляндия дар мақоми 5-ум ҷой гирифтаст.

Аз миёни кишварҳои ИДМ хушбахттарин афрод, сокинони Узбакистон арзёбӣ шудаанд, ки дар дар раддабандӣ миёни 156 кишвар дар ҷои 49-ум қарор гирифтааст: “Қазоқистон -54, Молдавия -55, Русия -56, Литва – 60 , Беларусия – 61, Туркманистон-63, Латвия – 68, Эстония – 72, Озарбойҷон – 81, Қирғизистон– 85, Тоҷикистон – 100, Украина -123 ва Гурҷистон дар мақоми 126-ум ҷой гирифтааст.

Мавқеи 100-уми Тоҷикистон дар раддабандии хушбахтӣ дар ҳолест, ки соли гузашта кишвари мо аз нигоҳи хушбахтӣ дар ҷои 106-ум қарор гирифтааст.
Ба даҳгонаи кишварҳои бадбахттарини дунё Мадагаскар, Танзания, Либерия, Гвинея, Руанда, Бенин, Афғонистон, Того, Сурия ва Бурундӣ шомил гардидаанд.
Мӯҳр
Пажухиши бардуруг 0,0% !!! О точико ай хамада хушбахтан, кадом вакт хоханд хоб мераванд кадом вакт хоханд соати 6-7-8-9-10 а хоб мехезанд , аз хисоби профсоюзи чойи кор!!! , пул бошад любой корут бе очерад буд меша дар назди раису кози, ришвахори! Касе ба касе кор надора дар куча сархам мегардем,Салом куни чарраста меброран. хатто салом мамнуъай!!! чихел мо бадбахтем кани гуй пажухишгар???? Озодагон чоп намоед


Ба ин гуфт мо аз соли гузашта дида хушбахттар шудаем? Ман фикр мекунам, ки имсол норозигии мардум ва нокомии он аз соли гузашта дида зиёдтар шудааст.

Ба 100-умин хушбахттарин чой гирифтани Чумхурии Точикистон ба мо Точикистониён дар киёс ба соли гузашта боиси ифтихор аст. Дар баробари ин барои мо мардуми шариф боиси хушбахтии раками 1-ум ин аст, ки дар як давлати сулху субот зиндагони менамоем.

Точикистон хушбахтиро кайхо фаромуш кардааст.

Халокухалоккун
Вакте дар Узбакистон опрос мегузаронанд аз тарс вахм ва ё бемаълутотиву бехабари ва ё бефарки аксараш шикамамон нимсеру чон сиххат бошад гуфта эхсоси хушбахтии худро баён мекунанд дар холе ки чунин нест зеро ин танхо як эхсоси ботил хаст. хамчунонки баъзе эхсос мекунанд доно ва тавоно хастанд ин факат як эхсос хаст ва ё бештари мардуми точикистон хам гумон мекунанду эхсос мекунанд ки хамаи покихо дар дин хусусан дини ислом аст, дар холе ки боз хам чунин нест мардуми мусалмонзода ва ё динро танхо ба ирс гирифта хама бо эхсос хулоса мекунанд на бо мантик ва акл ва вокеиятхо бинобарин наметавон ба ин омор эътимод кард. Кишвархои мутараккии чахон кайхо ин эхсосро ба гушахои фаромуши супурдаанд ва бо вокеиятхо ва масоили аклпазиру хирадмеёър месозанд каноат мекунанд мезиянду мезоянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)