АКС: Кӯчи дастаҷамъии тоҷирон аз “ЦУМ” баъди иқдоми роҳбарияти нав
Бисёри тоҷирони “Маркази савдои Тоҷикистон”, собиқ “ЦУМ” дар вокуниш ба иқдоми роҳбарияти нав, ки ҳаққи иҷораро боло бурдааст, ҷои корашонро холӣ кардаанд.
Тоҷирони рахтбаста, имрӯз, 17 март дар суҳбат бо “Озодагон” далели тарк кардани ҷои корашонро боло бурдани ҳаққи иҷора арзёбӣ карданд, ки ба гуфтаи онҳо аз моҳи равон беш аз ду баробар боло рафтааст: “Кризис, савдо нест. Наметавонем ҳаққи иҷораро пардохт кунем. Барои ҳамин ҷойро холӣ мекунем”.
Мусоҳибони “Озодагон” изҳор доштанд, ки қаблан ҳаққи иҷораи 1 метри мураббаъ дар ошёнаи 1-ум 60 сомонӣ ва ошёнаҳои 2 ва 3-юм поёнтар аз он буд: “Ҳоло 1 метри мураббаъ дар ошёнаи 1-ум ба 160 сомонӣ, дар 2-юм 120 сомонӣ ва дар ошёнаи сеюм ба 80 сомонӣ баробар шудааст”.
Ҳукумати Тоҷикистон як моҳ қабл идораи 100 фоизи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маркази савдои Тоҷикистон”, собиқ “ЦУМ”-ро ба уҳдаи дастгоҳи Президент гузошт.
Фурӯшгоҳи марказии Душанбе, ки соли 1960 сохта шуда, бо номи "ЦУМ" маъруф буд, 8 декабри соли гузашта, расман ба Маркази савдои Тоҷикистон табдили ном кард. Ин иншоот соли гузашта бо даъвои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки гӯиё солҳои 90-уми асри гузашта нодуруст хусусӣ гардонда шудааст, бо қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дубора ба моликияти давлат баргардонда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |