АКС: Роҳи Душанбе-Хуҷанд кушода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ зуҳри имрӯз, 17 март аз сар гирифта шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” мусофирони хатсайр, ки шаби 16 ба 17 март дар миёнароҳ дармонда буданд, хабар доданд. Ба иттилои мусоҳибони “Озодагон” ҳаракат дар роҳи Душанбе -Хуҷанд ба далели фаромадани тарма дар ҳудуди деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ ва Зидии ноҳияи Варзоб аз ду тарафи нақби “Истиқлол” масдуд шуда буд.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон низ шоми 16 март аз муваққатан баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар дода, афзуд, ки ин тасмим дар пайи боришоти пайдарпай ва фаромадани тарма дар мавзеи Майхура то даромадгоҳи ҷануби нақби “Истиқлол”, гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |