Бахшҳо

Баъди қонуни танзим: Тоҷикон дар Қирғизистон тӯй мекунанд (АКС)

Сокинони навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистон дар пайи қабули қонуни танзим бисёри тӯю маъракаҳои худро дар қаламрави Қирғизистон баргузор мекунанд.

Дар ин бора “Open Asia” баъди шиносоӣ бо ҳаёти сокинони навоҳии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон хабар додааст. Манбаъ аз дӯстӣ ва равобити хуби сокинони ин ду навоҳии ҳамсоя тавсиф карда, таъкид намудааст, ки ғаму шодиро бо ҳам мегузаронанд: “Барои он, ки аз маҳаллаи Хистеварзи Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон равӣ, убури роҳи мошингузар кофист. Ин ҷо гузаргоҳҳо ва симхорҳо вуҷуд надоранд”.

Ба иттилои манбаъ тоҷикон аксари тӯйу маъракаҳояшонро дар қаламрави Қирғизистон мегузаронанд, зеро дар қаламрави Тоҷикистон қонуни танзими ҷашну маросимҳо амал мекунад: “Ин қонун, ки соли 2007 қабул гардид, теъдоди меҳмонон ва ҷашнҳоро танзим мекунад. Аз ҷумла теъдоди меҳмонон барои тӯйи арӯсӣ 150 нафар ва барои хатнатӯй то 60 нафар маҳдуд шудааст”.

Маъракаҳои мамнуъ дар Тоҷикистон:

Баъди қонуни танзим: Тоҷикон дар Қирғизистон тӯй мекунанд (АКС)


“Open Asia” менависад, тоҷикон, ки одатан оилаҳои калон доранду бо наздикони дурашон низ робитаи қавӣ доранд, барои даъвати ҳамаи меҳмонон тӯйу маъракаҳояшонро дар Қирғизистон мегузаронанд, ки ин ҷо қонуни танзим амал намекунад: “Тӯйхонаи наздисарҳадии “Раъно” бо 350 ҷои нишаст айни ҳол дар таъмир аст. Соҳибонаш ба мавсими тӯйҳо омодагӣ дида истодаанд. Кормандони тӯйхона мегӯянд, тоҷикон дар ин тӯйхона меҳмонони доимиянд”.

Ба иттилои гузоришгарон ҳаққи хизмати тарабхонаи дигар бо 220 ҷои нишаст баробари 2 ҳазор доллар аст, ки барои тӯйдорони тоҷик маблағи калон нест.
“Open Asia” менависад, тоҷикон на танҳо барои тӯй, балки барои дигар молҳои ниёзашон низ ба Қирғизистон меоянд, зеро ин ҷо нархҳо арзонтаранд ва бисёри мағозаҳои наздисарҳадӣ нархҳояшонро ҳам бо сом ва ҳам бо сомонӣ нишон медиҳанд: “Аз ҷумла як гусфанде, ки дар қаламрави Қирғизистон 100 доллари амрикоӣ арзиш дорад, дар Тоҷикистон бо нархи 150 доллар фурӯхта мешавад”.

Баъди қонуни танзим: Тоҷикон дар Қирғизистон тӯй мекунанд (АКС)

Баъди қонуни танзим: Тоҷикон дар Қирғизистон тӯй мекунанд (АКС)

Баъди қонуни танзим: Тоҷикон дар Қирғизистон тӯй мекунанд (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)