Бахшҳо

Раҳматило Зоиров: Минтақапарастӣ ва ғуломтабиатии мардуми мо сазовори мадҳия ва қурбонӣ нест

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфтааст, дар ҷомеа мухолифи ҳукумат будан на уҳдадорӣ, балки мавқеи шаҳрвандист. Ӯ ин нуктаро дар ҷавоб ба онҳое таъкид намуда, ки вайро дар тарсӯӣ, надоштани ҷасорат ва мухолиф набуданаш муттаҳам кардаанд.

Раиси ҲСДТ дар саҳфаи Фейсбуки худ навишта, ҳамроҳ бо паёмҳои табрикӣ бахшида ба рӯзи мавлудаш (16 март), иддае ҳам ӯро дар заиф сохтану фурӯхтани оппозитсия ё мухолифин гунаҳкор кардаанд: “Ҳатто чанд нафар менависанд, ки Р. Зойиров аз тарси худ ҳозир хомӯш мебошаду маълум аст, ки ҳеч вақт дил надошт, ҷасорат надошт, ҳатто ӯ мухолифин набуд”.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, бо ингуна шахсон баҳс карданӣ нест, танҳо таъкид мекунад, ки мухолиф будан ё шудан барояш ё нафари дигаре уҳдадорӣ нест, балки ҳуқуқи ҳар шахс ва шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Ба таъқиди вай, мавқеъгирӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки ӯ қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ё на: “Вақте ки ҳар шахсе зери номҳои фейкии худашон зери парда мебошанду аз дигарон амалро талаб мекунанд, ин мавқеи шаҳрвандӣ нест. Ман узви ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошам, ман аз таҳти дил ҷонибдори ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонам, аммо боз таъкид мекунам, ки дар ҷомеа мухолифи ҳукумат будан ин уҳдадорӣ нест, ин мавқеи шаҳрвандист, яъне бевосита ҳуқуқи шаҳрванд аст”.

Раиси ҲСДТ дар идома навиштааст, мухолифи ҳар беадолатию амалҳои ғайриинсонӣ, қонуншиканию беэътиноӣ нисбати ҳуқуқи одамон мебошад: “Ман тарс нисбати ҳукумат ё шахси мансабдори Тоҷикистон надорам, аммо ман мухолифин гуфта ҷонибдори бесару сомонӣ ё фаъолияти бе сару сомон ё худкуш нестам. Ман омода ҳастам, ки барои ватан, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҷони худро бахшам, аммо дар ҳолате ки ҳадафи инсонӣ арзиши сазовор дошта бошаду, ҷомеаи шаҳрвандӣ сазовори ин қурбонӣ бошад. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳоло мавҷуд нест, минтақапарастӣ ва ғуломтабиатии мардуми мо, ҳатто гуруҳи пешрафтаи он, сазовори мадҳия ва қурбонӣ нест”.
Мӯҳр
Карим
аз тарс не
аз бефоидагӣ
мардуми мо ҳам руякӣ дастгирӣ мекунанд
ғуломӣ дар хуни аксарияти тоҷикон ҳаст

Некном
Офарин Устоди озодаги ва чавонмарди!

Карим,
гуломии дар хуни точикро сатхи пастарини зиндаги дар точикистон кардааст....
умуман ман аз чандин инсонхои курсаводе ки дар вазифахои баланди ватанамон кор мекунанд шунидаам ки суханоне мезананд ки эстетикаи милатро паст мекунанд дар холе ки хатто худашон дасти як касро дар давоми умрашон нагирифтаанд. ва агар нохост касеро ёрдам карда бошанд хох пули бисёр гирифтаанд ва ё агар бе пул ёрдам карда бошанд он шахсро як кори миёншикан мефарманд ё чун гулом ва муттахам хисоб мекунанд....

Парда
Мухтарам Зоиров кани гуед," ғуломтабиатии мардуми мо"-ро, ки шакл дода истодааст ва Шумо чун зиёи ва рахбари хизби адолатхох, чаро коре анчом намедихед. Мардуми дур аз шинохти хукуку илму дониш, бо саводи нокифоя аз куча инро намекунад.
Карзи шахрванди магар ин нест?

Бародар Р. Зоиров саломат мошед хаста набошед.
Қобили зикр аст, ки мардум мисли рамаи гусфанд мебошад ва масул мисли чупон барои ҳамин мардуми омро гунаҳгор кардан аз руи ҳикмат нест

ДАР КИШВАРЕ КИ "ҚОНУНИ ҚУВВА ДАР АМАЛ АСТ НА ҚУВВАИ ҚОНУН "ОИДИ ТАЛОШИ АДОЛАТ, АЗ КАСЕ ТАЛАБ КАРДАН ХАТОСТ...

Зоиров аз калаи кафидаи Зайд Саид ва Кабирю Умарали куватов, тачриба гирифтааст. Ин шахсхо холо хомуш меистанд ва баръакс таърифу тавсифи калона мекунанд. Вакто ки аз мансаб рафт бад забон мебароранд.

рамиз
гуломи дар хуни мо - барои хамин бародар хуни бародар мерезаду точик чашми дидани точикро надорад!

мехмон
Гуломи дар мо нест чаноби Зоийров!! Дар мо чомеъае хаст ки умуман тартиб , маданият, рафтор , дин, фархангро риоя намекунанд ва кур курона зиндаги мекунанд. Хама дуруя , дуруггу, лаганбардор, ояндаро фикр намекардаги ва аксаран беимон хастанд. Масали ,,Гур сузаду дег чушадро" шиор карданд. Худ дар сохиланду гаркшудагонро бо лагад мезананд.
Барои хамин хам мо пеш намеравем. Барои хамин аз соли пошхурии СССР дар бухрони иктисодию сиёси гутидаем.
Шумо хам мегуеду меравед! Агар шуморо хам президент интихоб кунанд бех намешавем. Чи хеле ки мегуед мо гуломем хозир, шумо рохбар шудед боз гуломи Шумо мешавем !!!
Фалсафаи зиндаги хамин аст. Одамизод аз таваллуд то ба киёмат гулом хаст ва мемонад!! Дар кудаки гуломи падару модар, дар мактабу богча гуломи тарбиятгарон, дар хизмати харби аз афсарон, дар корхона аз сардорон , дар зиндаги аз зану фарзанд, дар пиронсоли аз наберагон !!!

Мусаллам аст, ки чаноби Р.Зоир тафаккури диалектики дорад. Пас, бояд донад, ки чомеаи имрузаи бо танхо дар ибтидои бунёди давлати демократи карор дошта, чомеаи шахрванди танхо дар чанин (батни модар) аст... Точикхо беш аз хазор сол тахти асорати ачнабихо буданд ва тачрибаи демократия дар хотираи таърихии халк намондааст. Ин малака тадричан бо гузашти айём пайдо мешавад. Ва будани чунин пешохангон мисли Р.Зоир падидаи муфид мебошад...

Самар
Магар Шумо Зайдро да'ват накарда будед, ки ба Ватан баргадад? Шумо аз ин коратон пушаймонед ва акнун чи накшахо доред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)