Бахшҳо

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охирин рӯзи сафараш ба Имороти муттаҳидаи Араб бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, баъди буридани лентаи рамзӣ Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори масъулини сафорат ошно гардид: “Бинои сафорат дар шаҳраки намояндагони корпусҳои дипломатии Абу Забӣ бунёд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгу аст”.

Ба иттилои манбаъ, бино аз 3 ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат буда, дари даромад ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои тоҷик ороиш дода шудааст: “Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар паҳлуи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон сохта шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини манзили зисти намояндагони сафорат ҳам ҳал гардад”.

Сохтмони бинои сафорат аз моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати “Висом Ал-Авдӣ” оғоз ёфта, корҳои рангу бор ва ороиши биноро устоҳои тоҷик иҷро кардаанд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёни маросими ифтитоҳи сафорат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Абу Забӣ ва ҳамватанони мо, ки дар иморот кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16 март бо як сафари расмӣ озими Имороти муттаҳидаи Араб шуда, ин сафарро бо ифтитоҳи бинои сафорат ба поён расонд.


АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард

АКС: Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забиро ифтитоҳ кард
Мӯҳр
Раҳгузар
Э офарин протоколанба!
Президентро аз таги ҳамин даричаи пуфакӣ гузаронтонд ми?
Дар МИД ягон протоколшик мондааст ё не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)