Бахшҳо

Абдуллоев: «Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад»

Имрӯз ширкати «Аҳмадсоз» дар «Коҳи Ваҳдат»-и пойтахт 5-умин намоишгоҳи  байналмилаллии таълимиро доир намуд.


Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар равияҳои илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ, соҳаи муҳандисӣ, бахши меъморӣ аз ҳадафҳои аслии баргузории ин намоишгоҳ унвон шуд. Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати «Аҳмадсоз» гуфт, ки имрӯз  Тоҷикистон ба мутахасисони  баландихтисоси соҳаҳои мазкур бештар ниёз дорад. Номбурда гуфт: «Барои таҳкими дониши ҷавонон таҳсили онҳо дар хориҷа бисёр муҳим аст ва мо тасмим гирифтем, ки бо пешрафтатарин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қарордод  бандем. Чун Малайзия айни ҳол яке аз кишварҳои пешрафта  дар соҳаи технологияи информатсионӣ ва илмҳои дақиқ, махсусан электроника ва техникаи барқӣ ба шумор меравад, ширкати «Аҳмадсоз» давоми чанд сол аст, ки бо донишгоҳҳои олии ин кишвар шартнома тасвиб кардааст». Ба гуфтаи Абдураззоқ Абдуллоев давоми амалишавии ин шартнома зиёда аз 300 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои гуногуни Майлайзия барои идомаи таълим фиристода шудаанд. «Бештари донишҷӯён дар барномаи бакалавр дохил шуда, қисми дигари онҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин дар бахши забономӯзӣ, магисратураю курсҳои тайёрӣ низ донишҷӯён тоҷик таҳсил менамоянд. Дар оянда  мо нақша дорем, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷикро натанҳо дар Малайзия, балки дар донишгоҳҳои Ғарб, Британияи Кабир, Италия, Зеландияи Нав низ зиёд кунем»,-афзуд раҳбари ширкати «Аҳмадсоз».

Вай гуфт, дар 5-умин намоишгоҳи  байналмилаллии таълимӣ аз 16 донишгоҳи байналмилалӣ, аз ҷумла донишгоҳи Кембриҷи Британия кабир, донишгоҳои Туркия, донишгоҳои Мутаҳидаи Араб ва Малазия ширкат доранд. Намоишгоҳ фардо низ ба кори худ идома медиҳад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)