Бахшҳо
18 мар 2016 14:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оё равшанфикрон аз Пешвои миллат чизе мехоҳанд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дар ин вазъу шароите, ки ба гуфтаи Билл Гейтс дар ҷаҳони муосир кашфиётҳо он қадар зуд-зуд мешаванд, ки “эътибори моликияти зеҳнӣ ба андозаи муҳлати нигоҳдории банан” мебошад, равшанфикрон ҳадди ақал аз вуҷуди мушкилоти зиёд дар ҷомеа ва низоми Тоҷикистон ба раисҷумҳур чизе мегӯянд?

Мулоқоти имсолаи Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён, ки дар назар аст 19 март баргузор шавад, чанд хусусияти фарқкунанда дорад:
1. Ин нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои миллат бо зиёиён аст;
2. Дар ин мулоқот дар баробари зиёиёни кишвар, ҳамчунин адибони кишварҳои дигаре низ иштирок мекунанд, ки ба Ҳамойиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз омадаанд.

То замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо Президенти Тоҷикистон буд аз шеваи бархӯрди зиёиён дар ин дидорҳо бо раисҷумҳур ҳамеша интиқод мешуд, акнун ҳоло дар баробари Президент будан, инчунин аз тарафи вакилони парлумон мақоми Пешвои миллатро низ соҳиб шуд ва мантиқан масъулияти Пешвои миллат дар сарнавишти миллӣ аз Президент болотар аст. Оё ин мақоми Эмомалӣ Раҳмон ба шева ва кайфияти баргузории ин мулоқот таъсире хоҳад дошт? Оё мо шоҳиди баҳсу баррасиҳои равшанфикрон бо раисҷумҳур дар мавриди вазъи ноҷӯри иқтисодӣ ва буҳрони ҳамафарогир мешавем ва ё боз хулосаи ин мулоқот “нишастанду гуфтанду бархостанд” мешавад?

Дар яке аз мулоқоти худ оқои Раҳмон дар соли 2012 равшанфикронро “ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат” ё “пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа” номида буд. Албатта зиёӣ ё равшанфикр, дар шинохту баррасиҳо қишре таъриф мешавад, ки машғули нафақат кори фикрист, балки тафаккури интиқодӣ ва тавони истифода аз донишу таҷрубаи худу азму қудрати ҷалби таваҷҷӯҳ ба маҳсулоти фикриашро ҳам дорад. Вале аз таҷрибаҳои баргузории мулоқотҳо бештар рӯшан шудааст, ки зиёиён асосан дар мулоқотҳо ба ҳарфҳои раисҷумҳур гӯш медиҳанду худ камтар масъалагузорӣ менамоянд ва тарҳҳое ҳам пешниҳод намекунанд. Дар бештари маврид зиёиёни мо, ки Чехов гуфта буд “қудрат ва наҷоти мардум дар дасти равшанфикрон аст” натанҳо фики наҷоти ояндаро намекунанд, балки дар бораи мушкилоти рӯз низ суҳбат намекунанд.

Ҳоло мо чӣ мушкилу чӣ дард дорем, ҳар одами оддӣ ҳам медонад. Шофир ҳам медонаду деҳқон ҳам. Аммо инки дар оянда моро чӣ дар пеш аст, инро бояд равшанфикрон фикр кунанд, вазифадоранд, ки фикр кунанд. Мушкилоте ки баъди 10 ё 20 сол пеш меоянд, пешгӯӣ кунанд, роҳи ҳаллашро аз ҳоло биёбанд. Рӯшанфикрон агар қобиляти фикр кардан, шинохтани дунёи имрӯз ва арзишҳои зиндаи таркиби ҳуввият ва худи миллиро доранд ва фикр мекунанд, ки ин арзишҳо миллатро ба сӯйи саодат мебаранд набояд хомӯш бошанд. Аз ин ки равшанфикрон мардуми огаҳ мебошанд, бояд мушкилоти ҷомеаро пештар аз ҳар қишри дигар эҳсос кунад ва барои ҳал кардани мушкил садо баланд кунанд. Вале дар Тоҷикистон равшанфикрон ин корро намекунанд. Садо баланд кардан маънои мубориза бо низом, бо ҳукуматро надорад, балки ислоҳи низом аст, тавсеа ва рушди ҳукумат аст. Аз ин ки равшанфикрони мо аз ҷониби мардум васила нашуданду аз ҳукумат масъулияти саодати мардуму миллатро талаб накарданд, ҳоло ба як қишре табдил ёфтаанд, ки дар дасти маъмурини низом чун мум аз онҳо ҳар чизе сохта мешавад. Албатта, дар паҳлӯи ҳукумат будан кори баде нест, аммо огоҳона амалеро пайравӣ кардан ва кори нодурустеро дуруст талаққӣ намудан, кори бад аст ва ҳамин айб ҳамеша аз зиёиёни мо гирифта мешавад.

Имсол вазъияти буҳронии кишвар ва ҳамчунин вазъи сиёсиву иқтисодии минтақа талаб мекунад, ки зиёиён шеваи иштирок ва ҳузурашонро дар ин мулоқот дигар кунанд. Онҳо аз хомӯшиву таърифу тавсиф бояд ба масъалагузорӣ ва пешниҳоди тарҳҳои илмиву фикрӣ гузаранд. Зеро ба гуфти соҳибназарон ин мулоқот худ як фурсати муносиб ва аз сӯйи дигар модели камназирест, ки раисҷумҳур барои чанд муддат дар ихтиёри равшанфикрон қарор мегирад.

Имсол, ки Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои миллат бо зиёиён мулоқот мекунад, мақоми нави эшон бояд болои ҷуръат ва ҷасорати фарҳангиён таъсиргузор бошад ва онҳо фаъолтар бошанду аз мушкилот ва дарди мардум бештар бигӯянд. Аммо эҳтимол ҳам меравад, ки мулоқоти имсол бештар таҳти таъсири хусусияти дувум – ҳузури шоирону адибон бимонад ва саропо аз шеъру ситоиш иборат бошад. Аммо вазъи кишвар, хусусан вазъи иқтисодӣ шароите нест, ки мо шеърхониро ба тарҳу баррасии мушкилоти мардум ва ҷомеа тарҷеҳ бидиҳем. Ҳоло кадом хусусият бештар дар ин дидор таъсиргузор мешавад, танҳо 19 март шоҳид мешавем, вале интизории мардум ва ҷомеа баҳсу арзёбӣ сари мушкилот аст.
Мӯҳр
хоркаш
дустам Иршод ба умед нашав. Мо табакаи тарсу ки хастем, табакахои дигари чомеро низ мо баин ахвол гирифтор кардаем, чунки умеди онхо ба мост, валек мо==ооооооооооооооооо

Шоири зур.
Иршодчон,иншооллох мо равшанфикрон ба наздики пешвоямон окои Рахмонро шоир мекунем.ЯАна ъамин хел бо шоирон вохурдан гирад,мешавад шоир.Окои Рахмон аз киву аз чи кам аст??

Хамон ибораи «Чаноби Оли» ва «Пешво» ро худи зиеиен бароварданд,ку.Боз ба васфи пешвои миллат садхо шеьр эчод карданд.Зиеиен боз аз пешвои ииллат чи мехоханд.?,Хона,мошин,дача,пул, ?

Dev
Оё равшанфикрон аз Пешвои миллат чизе мехоҳанд?
Onho mehohand,ki peshvoi millat ijozat dihad to onkasro dohi unvon dihem. Digar chi ham mehostand

Дар байни зиёиони Точикистон, ки хаки гап заданро бо президент танхо онхо доранд, равшанфикрон нестанд. Танхо дар байни онхо потхалиму лагандбардорон хастанд ва гайри шеъру шоири дигар саводе надоранд. Онхо факат пешниход барои пешвоги у ва ахлу байти уро мекунанд. Албата зиоиён дар хама давлатхо хазинаи тилои милат хастанд, аммо дар милати точик зиоиён бори души милат хастанд. Нест дар мо равшанфикрон балки хушомадзанхо хастанд... Озодагон чаро навиштахои ман чоп намешавад?

99
Иршодҷон! Ҳама медонанд, ки аксарияти зиёиёни мо зиёӣ нестанд, чунки зиёӣ шудан ҳам дар Тоҷикистон бе тағою бе пора намешавад.
Пасон, зиёиёни ҳақиқии нотарс дар ҷомеаи мо бе ниҳоят каманд ва садои онҳоро касе намешунавад, чунки ба онҳо касе мимбар намедиҳад
Сеюм ин, ки давлатдорони мо ба ҳеҷ ваҷҳ фикри олимони моро гӯш накардаанд ва намекунанд ҳам.
Ва аксари зиёини мо худ одамони ҳукуматанд ва "бо ҷону дил" хизмати хирсонаи худро ба ҳукумати феълӣ мекунанд, то мақому манзалаташонро аз даст надиҳанд!
Мардуми мо аз ҳамин гуна зиёиён барвақт дилсард шудааст!

Маълум аст ки зиёиён боз як ду шер дар васфи шукургузори мехонан ва таъриф мекунанд тамом -бояд инхо ягон барнома барои бехбуди чамият ягон тавсияи нагз пешниход кунанд -аммо хамма шоир гащтаст чун ки подшох шоир аст .
Мо мисли Шохнома шидем факат васв мекунем тамом шикамо гишна бекори шароити бад

нурмухаммад
эи фанатикхо агар газета е тв томощо намекуд газета намехонед пас чи гапи зиети менавесед е пешниходи гулрухсор пешниход ба пешвои миллат дар масалаи шоирони хавзаи навруз набуд боз чи мехохед е корнакарда нони тер мехохед

Салому Дуруд бар Миллати Ранчури Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Чаноби Сулаймони, Кадом Зиеи?
Хохиш мекунам даст Аз тухмати Эшон бардоред!
Инхо Зиеи нестанд ва Харгиз набуданд!
Зиеиени ин Миллат хама кушта шуданд.
Ое Як миллате, ки дар Руссия хар сол 2000 фарзандаш куша мешавад, ва Ин зиеиени гунг садо баланд намекунанд, Боз шумо ба зиеи будани инхо бовар доред?
Миллати Точик Тахкиру тавхин мешавад дар хорич, ин Зиеиени миллатфуруш ягон харф намезананд......

нурмухаммад,
Миллат айни хол на ба ин шоирон ниез дораду ва,на ба хавзаашон!
Миллат чои кор дар Ватан ва барку..........мехохад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)