Бахшҳо
23 мар 2016 12:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафари кориаш аз вилояти Суғдро бо буридани лентаи рамзии корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании “Ғаюрсемент” дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ – “Хуаксин семент” соли 2014 оғоз ёфта, дар масоҳати 48 гектар бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст. Манбаъ мегӯяд, иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд: “Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, корхонаи “Хуаксин Ғаюр – Суғдсемент” бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад: “Корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид”.

Ширкати “Ғаюрсемент” мутаалиқ ба Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазир, марҳум Асадулло Ғуломов мебошад. 27 майи соли 2015 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкати дигари марбут ба Акбар Ғуломов -- “Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал”-ро, ки дар Ёвон сохта мешавад ва ба истеҳсоли гипсокартон машғул хоҳад шуд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, субҳи имрӯз, 23 март ба вилояти Суғд сафар кард. Дафтари матбуоти Президент, ин сафарро “корӣ” унвон кардааст.


Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)

Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)

Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)

Президент корхонаеро, ки беш аз 145 миллион андоз месупорад, ифтитоҳ кард (АКС)
Мӯҳр
Дар огоз хама корхонахо фойдаовару таъмини чойхои кории калон ва баъд ба кимати нархи махсулот ана хамин корхонахо сабаб мешаванду, чои кор низ нопадид мешавад. Хамааш точики. Хар руз дар расонахо корхонахои нав кушода мешаванду ваъдаи чойхои кори медиханд аммо чи сабаб, ки сафи бе короон кам намешаванд? Ин корхонаи сементи гуфташуда сабагори баландии нархи цемент мебошад.

саид
1300 нафар бо чои кори доми? Маълум аст ки 300 нафар раб 1000 нафар прораб.

НАТИЧА ДАРКОР НЕСТ АМУ АНДОЗА НАГЗ СУПОРАД КИФОЯ ХА ХА ХА 1 ЧАХОН ТАШАККУР

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)