Президент Маҳмудҷон Воҳидовро фидоии фарҳанг хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25 март зимни ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар ноҳияи Ашт пешниҳод намуд, ки Кохи нав ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бунёди Кохи нави фарҳанг бо харҷи 22 миллион сомониро дар ҳудуди боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рамзӣ хондааст: “Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи ҳунарманди маъруфи халқамон ва ба поси хизматҳои шоёни ӯ Кохи фарҳанг низ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидовро фидоии фарҳанги тоҷик хонда, илова намудааст: “ба андешаи ман, рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд”.
Маҳмудҷон Воҳидов 10 октябри соли 1939, дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омада, ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) мебошад.
Воҳидов дар айни камолот дар сафари эҷодӣ 9 ноябри соли 1977, дар шаҳри Бағдод вафот кардааст. Дар ин сафари ҷавобии санъаткорони Тоҷикистон ба Ироқ Воҳидов ҳамчун барандаи консертҳо иштирок намуда порчаҳо аз ашъори Ҳофиз ва Румиро ба забони арабӣ моҳирона қироат кардааст ва лоиқи таҳсини тамошобинон шудааст. Ин сафари ҳунарии нотакроре буд, мегуянд иштирокчиёни он. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмуд Воҳидов пеш аз сафар мариз буд, вале қотеъона барои сафар кардан камар баст. Ӯ дар Душанбе, дар боғи Лучоб ба хок супорида шудааст. Ба номи ӯ Театри давлатии ҷавонони шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |