Бахшҳо
25 мар 2016 17:07Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷузъиёти нави ҳамлаи гуруҳи Наҷиб ба роҳсозони Тоҷикистон

Манобеи “Озодагон” аз ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, шаҳрвандони мулкӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамлаи мусаллаҳона зуҳри имрӯз, 25 март, тақрибан соати 14:00 рух дода, роҳсозони минтақаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳадафи силоҳбадастон қарор гирифтаанд: “Гуруҳ зери роҳбарии Наҷиб, як қочоқбари афғон ҳамла карда, баъди тирпаронӣ кормандони ширкати туркиро аз Тоҷикистон ба гаравгон гирифта, бо худ бурдаанд. Теъдоди ҳамлагарон тақрибан 6-7 нафар будааст, ки феълан ба қаламрави Афғонистон ақибнишинӣ кардаанд”.

Манбаъ таъкид намуд, ду нафаре, ки ба гаравгон гирифта шудаанд, дар ширкати роҳсози туркӣ ба ҳайси ронанда ва лаборант кор мекардаанд: “Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони ширкати роҳсозии туркӣ мебошанд, ки бозсозии роҳи минтақаи Шӯрообод-Шоҳонро ба уҳда дорад”.

Дар мавриди маҷруҳону ҳалокшудаҳо феълан иттилои зиддунақиз ироа мегардад. Бархе аз манобеи “Озодагон” дар дақиқаҳои аввали баъди ҳамлаи мусаллаҳона аз эҳтимоли ҳалок шудани ду роҳсози тоҷик хабар доданд. Манобеи дигар изҳор медоранд, ин ҳамла кушта дар пай надошт ва танҳо як роҳсози тоҷик ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Манбаи “Озодагон” гуфт, баъди дақиқ шудани тафсилоти бештар маълумоти иловагиро ироа хоҳад кард.
Мӯҳр
Ин сархад сархадбон надорад, ки ин лаънатихо даро баро мекунанд. О теъдоди аскаронро дар сархад зиёд кунанд. Дар даруни шахру нохияхо милисахо худашон зиёдати хастанд. Факат малакаи аскаронро сайкал додан даркор вагарна хама фарзандони мардум, ки бе махорати харби ба ончо мераванд курбон мешаванд. Харчи мудофиаро зиёд намуда машкхои харбиро зиёд бояд намуд.

мирзо
Аз он рейду облавае ки пулису мухофизони хукук бар мардуми бечора мебаранд намешавад мардонагиву часорати худро дар марзу бум ва хифзи Ватан аз хамлаи бегона нишон бидиханд!?Гуё зурашон танхо ба мардуми бесилохи очиз мерасанду бас.Душанбенец.,

Рафиқ маалим
Милисаҳоро аз роҳҳо гирифта, дар минтақаи сарҳадӣ партофтан лозим.
Ба мардуми наздисарҳад яроқ тақсим карда, онҳоро машқ додан лозим. Дружинаҳои худҳифозатиро барқарор бояд кард. Як ду нафараша, ки мардум худаш нест кард, баъд мефаҳманд. Он мардум фақат забони зурро медонанд.

Darvesh
In kor dasti Russiya ast!!!!!!!!!!

Милиса чои тенчи пулкоркунира монда сархад меравад? Агар дар сархад чанг шаваду карори бурдани милисахо пайдо шавад, хамааш аз кор мераванд. Инхо пахлавонхои гирди деги ошанд.

Рафиқ маалим
Душанбенец.,
Ҳадди ақал сафи милиса поккорӣ мешавад.

Сиджоат
Ягон милиса ича дар кор нест ай ихел чо милиса алббата мегуреза вакте тенч шид бад барои бозчуи хона ба хона хурда мегардан

Салому Дуруд бар Миллати Шарифи Точик!
Ин хама корхои Русиях еки ягон давлати абаршайтони дигар АСТ .
Тарсонда хамачиро гирифтанд, боз мехоханд бокимондаашро хам гиранд.

Домулло Бурхон
40%и монтажа Шурообод зери тасаруфи кочокбарони афгон аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)