Бахшҳо
28 мар 2016 15:20Тоҷикистон / Тема дня

Модари 50-сола: Писарам гуноҳ надорад

Мақомоти кишвар алайҳи як ҷавони тоҷик бо ҷурми зархаридӣ парванда боз кардаанд. Аммо модари ӯ мегӯяд, писараш гуноҳе надорад.

Сайлӣ Маҳмадназарова мегӯяд, наздики ду моҳ аст, ки писараш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО нигаҳдорӣ мешавад. Ба қавли ин зани 50-сола фарзандаш -- Ҷӯрабек Мирзоғоибов, ки дар гузашта ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия буд, аз 4 феврал ба ин сӯ дар боздошт қарор дорад. Ин зан мегӯяд, шоми 4 феврал Ҷӯрабек бо даъвати як дӯсташ бо номи Ҳабиб ба назди мағозае рафт ва боздошт шуд. “Ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам, ки дутоаш маъюбанд. Шавҳарам кайҳо фавтидаасту дар шаҳри Душанбе иҷоранишин ҳастем. Худам фаррош шуда кор мекунам ва Ҷӯрабек ягона нафаре буд, ки зиндагии моро пеш мебурд. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам”,-илова намуд вай.

Сайлӣ Маҳмадназарова аз писараш донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ ва хитоӣ ном бурда гуфт, бо сабаби мушкилоти зиндагӣ натавонист таҳсилашро то охир давом бидиҳад.

Модари Ҷӯрабек мегӯяд, унвонии Дастгоҳи раисҷумҳур, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КДАМ ва СММ муроҷиат карда, хостори расидагӣ ба қазияи писараш шудааст: “Аз КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба номаи ман ҷавоб доданд, ки Ҷӯрабек Мирзоғоибов бо моддаи 401 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) айбдор шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.

Сафархӯҷа Назаров, муфаттиши ин парванда дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, модари Ҷӯрабекро аз тамоми ваҷҳҳои парванда огаҳ кардаанд ва наметавонад маълумоти бештареро ироа созад. Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Назаров, вакили дифои Ҷӯрабек гуфт, тафтишот муайян кардааст, ки ӯ тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” чандин нафарро ба Сурия даъват кардааст.

Аммо хонум Маҳмадназарова афзуд, танҳо ду маротиба иҷозаи дидор бо писарашро дошт ва ӯ таъкид кардааст, ки “гуноҳе надорад”.
Мӯҳр
Эйй модарее модааарр, ин сарзамин дигар моли фарзандони ин диёр нест. Хар касеро хоханд пушти панчара мекунанд.

Э мардум! Давлати исломи низ мурд. Бачахора ба хар бахона коматашона нашиканед. Монед ин гапора акнун нафрати мардума зиёд накунед. Бас акнун ин беадолати. Агар хайвон ташна монад, ба хатар нигох накарда, ба лаби хавз мачбур меояд. Мардум аз бенавои ба хар кор даст мезананд. О мардума кор кати таъмин кунеду зиндагиаш тенч бошад ба ягон гурух намедарояд, вагарна агар хамаи 8-милион нафарро ба махкама кашед хам пеши рох гирифта намешавад. Мегуянд гушна ба шер мезанад.Шумохо серу пур корновал тамошо када мешинед. Намедонед, ки баъзехо дар хона бо шиками гурусна нишастаанд

Одина
Donyor,
Ээээх додаре додар! Ба гуфти ту бояд нисбати ин бародар чи кор кунанд? Ба гуфти ту рахояш кунан ва ифтихорномааш диханд, ки ту фарзандони чандин модари дигарро бо рохи фиреб ба Сурия барои харом мурдан равон карди? Не бародар хести ки хови. Дар назди конун бояд чавоб гуяд. Аз дасти чунинхо чандин модар гирену сузон аст дар фироки фарзанд. Худоро шукр ки Шумо баринхо дар сари ин миллату давлат сардор нестед вагарна ин давлату миллат кимакай ба мисли Афгонистон мешуд. Озодагон хохиш мекунам нашр намоед.

кадамшо
модар дар махбас будагихо хамаашон мегуянд ки мо гунох надорем лекин модар сабр кунед иншоолох писаратон агар гунохаш набошад албата чавоб мешавад

мубин
Дар дехаи Качровути н, Гончи низ як чавонро юо спбабхои номаълум кариб як мох боз дар боздоштгох нигох медоранд. Ку Озодагон як пайгири кун ки чи гап аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)