Бахшҳо

Як моҳ муҳлати раиси шаҳри Душанбе ба муовинаш, “Душанбенақлиёт-хадамотрасон ва...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти хатсайрҳои ғайриқонунӣ ва таваққуфи стихиявии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди истгоҳу гузаргоҳҳои зеризаминии серодам изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдор, ҷаноби Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи душанбеи 28 марти худ, ба дунболи нигаронӣ аз масоили марбут ба нақлиёт, фаъолияти анҷомдодаи муовини соҳавиаш, Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, барои ислоҳи вазъ ба масъулин як моҳ муҳлат додааст: “Дар зимн, Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳоро муваззаф намуд, ки назорати қатъию мунсифонаи худро оиди ба танзим даровардани хизматрасонии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муттасил ба роҳ монда, ҷиҳати ислоҳи вазъ бо қабули қарорҳои дахлдор, моҳе як маротиба унвонии Раиси шаҳр маълумот манзур намояд”.

Манбаъ меафзояд, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин масъулини шаҳрдориро вазифадор кардааст, ҷиҳати пешгирии пайвастаю пайгиронаи амалҳои коррупсионӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолият ва хизматрасонӣ чораҳои қатъӣ андешида, нисбати интизоми меҳнат ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоянд: “Дар ин росто, ба раисони ноҳияҳо дастур гардид, ки нисбати вусъати корҳои азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, бахусус ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар ободонии роҳҳои пиёдагарду мошинрави дохили маҳаллаю шаҳракҳо, намои берунаи биноҳои истиқоматӣ, беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои судманди оммавиро роҳандозӣ намуда, иҷроиши барномаи насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо таъмин созанд”.
Мӯҳр
Darvesh
Hamsoya chi tur tanzim ki hamaashro shumo imzo karda ijozat doded!!!

Саид
Нархи наклиети мусофирбар муаян кунед 1 сом 60 дирам е 2 сом ва тролебус 70 дирам е 1 сом илтимос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)