Бахшҳо

Зуҳуров: 80%-и шайхҳои араб аз Тоҷикистон духтар мехоҳанд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон алайҳи сафари муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ба кишварҳои арабӣ баромад карда, таъкид намуд, ки 80 фоизи шайхҳои араб аз мо духтар мехоҳанд.

Зуҳуров имрӯз, 30 март зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба созишномаи Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии ҳар ду кишвар изҳор дошт, ки тайи солҳои 2015-2016 теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қазоқистон 1,5 баробар зиёд шудаст. Раиси Маҷлиси намояндагон Қазоқистонро бозори мусоид барои муҳоҷирон хонда, таъкид намуд, ки маош дар ин кишвар баробари Русия ва дар бархе соҳаҳо ҳатто зиёдтар мебошад.

Нурулло Раҳматуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳузури вакилони парлумон изҳор дошт, ки тағйирот ба созишнома миёни Тоҷикистону Қазоқистон раванди муҳоҷиратро сода мегардонад. Ба гуфтаи Раҳматуллозода Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки феълан дар қаламрави он беш аз 20 ҳазор тоҷикистонӣ кор мекунанд.

Зуҳуров аз ноиби вазири меҳнат ва муҳоҷират хост, талаботи бозори меҳнати Қазоқистонро омӯхта, мутахассисонро омода созанд. Раиси парлумон инчунин барои густариши раванди муҳоҷират пешниҳод намуд, ки намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон ташкил гардад.
Зуҳуров дар хитоб ба масъулини муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, “мебахшед, бо кишварҳои араб зиёд саргардон нашавед. Барои кор дар он кишварҳо забонро донистан даркор...”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар гузашта вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд, илова намуд, ки “кишварҳои арабӣ 10 сол пеш барои интиқоли муҳоҷирон дархост карданд. Ман рад кардам. Шайхҳои араб 80 фоизашон духтар мехоҳанд, вақте мегӯем дар куҷо кор мекунанд, мегӯянд, дар хона”.

Раиси парлумон муҳоҷирати меҳнатии духтарони тоҷикро ба кишварҳои араб қобили қабул гуфт, агар бо шавҳарҳояшон сафар кунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ бештари шайхҳои араб танҳо духтаронро мехоҳанд, то ба ивази 300 доллар ба корҳои хона ҷалб намоянд.

Бо зикри ин Шукурҷон Зуҳуров аз масъулини муҳоҷирати Тоҷикистон хост, фаъолиятро дар самти пайдо намудани бозорҳои нав ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ҷоннок намоянд.
Мӯҳр
Сафар
Шӯрои уламо чи мегуфта бошад? Рафтан гиранд, шайххо хаммазхаби худамон.

Тоҷик
Барои ҳамин дар кушодани сафоратхонаи Тоқикистон ДУХТАРи тоҷикро реклама кардед муҳтарам Зуҳуров?

лоик
Агар равон накунед арабхо худашон мебиен мисли хитоихо чи гуфтет чанобонСафар,

Некном
Макомот ваъда дода буданд ки имсол сесад хазор чои кор ташкил мекунанд,1-2 соли дигар мухочират тамом!Ура

тоҷик
ба ҷои инки таакид кунанд ҷойҳои нави корӣ ташкил кунед мегуянд Қазоқистон маошаш хеле баланд ва ҷойҳои на ёбед
ҳозир агар Қазоқистон дар бораи ягон шоир ё ҳкуматҳои гузашта гап занад ҳаминҳо садо бланд карда мегуянд ки МИЛЛАТИ ТОҶИК МИЛЛАТИ ТАМАДУНСОЗУ ФАРҲАНГСОЗУ ВА ВА ВА

РтР
Агар ин тавр бошад дар Точикистон чойзои кори ташкил намоед намешавадми?

вали
2 млн мухочирмард дар русия гуломи русхо, дар точикистон факат занхо ва кудако мондаанд, акнун гуломии занхо ба арабхо шуруъ хохад шуд.

Ман
Казокистон, ки бошад дар миён Киргизистон барои чи менависед?

Бо он ки Зухуров мегуяд, ки бозори мехнат чуед ва мардумро ба мухочират баред, маълум, ки солхои наздик дар Точикистон чои кору маъоши хубро интизор нашавенд. Ман хато бовари надорам, ки то ин мансабдорони хукумати хозира дар сари коранд, ягон бехбудиро интизор нашавед.

Муаллим
Ҳамонқадар куру бусаводе гаштем, ки дигар ғайр аз муҳоҷират дигар ҳеҷ ҷиза намебинем. Ойй давти Ҷопон дар байни обай роҳша пайдо карда хубу аъло зиндагӣ доранд ку! Тоҷикистони азиз ҳамаш пулу боигарист чаро мо роҳша пайдо карда наметавонем? Аз ҳама чизи қимат обаст дорем, тилло, ангишт, нуқра, пахта ва ғайра чизҳое, ки дигар давлатҳо доранд ҳамаша дорем ку, намедонам мушкили дар чист, шояд мутахассис надорем. Пирони рӯзгордида мегӯянд, ки "ҷойгаҳи танҳо ба гӯр монандаст", Фалак замонаро дигар кунад, ки раисон рафта дар муҳоҷират як сол монда азобша кашанд, аз зану фарзанд дур, кори ифлосу мушкил кунанд ва дар ҷойгаҳи ба гӯр монанд зиндагӣ кунанд, баъд мефаҳманд, ки муҳоҷират чист.
Мо мехоҳем, ки дар дохили кишвари азизамон кору зиндагӣ намоем дар назди зану фарзандон. Мехоҳем Тоҷикистони азиза обод созем, ки баъд аз 10 солу 15 сол фарзандомон дар ватан таҳсил намоянду зиндагӣ кунанд ва азоби ғарибира накашанд. Мо бояд дар пайӣ ободии заводу фабрикаҳои ватани худ бошем, чунки пулли муҳоҷират меояду меравад, мушкили ҳамон хел мемонад ва боз дарди сари насли оянда мегардад. Худмон дар 35 солагӣ пир шудем, ақалан фарзандомон ҳайёти хубу осоиштаву бе ғам дошта бошанд.

"Раиси парлумон муҳоҷирати меҳнатии духтарони тоҷикро ба кишварҳои араб қобили қабул гуфт, агар бо шавҳарҳояшон сафар кунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ бештари шайхҳои араб танҳо духтаронро мехоҳанд, то ба ивази 300 доллар ба корҳои хона ҷалб намоянд". Ҳамин ҳам гап шуд, мӣ! Камтар нангу номуси миллӣ доштан даркор. Ё мардум оилавӣ баромада раванд фикр мекунед ин роҳи ҳаласт?

Сафар,

МАГАР АЙБ НЕСТ МУХТАРАМ ЗУХУРОВ?!

ЧОИ КОР БАРОИ МУХОЧИРОНИ ТОЧИКРО ДАР ХОРИЧИ КИШВАР КОФТАН ДАРКОР НЕСТ!!! ДАР ТОЧИКИСТОН ЧОИ КОР ТАШКИЛ КУНЕД, ТО МАРДУМ ДАР ВАТАН КОР КУНАНД. ДАВЛАТХОИ ХОРИЧИРО ЗОРАВУ ИЛТИЧО НАКУНЕДУ, ДАР ФИКРИ ОБОДИИ ВАТАНУ МИЛЛАТ ШАВЕД!!!

БАС АСТ БЕТАРАФИЮ БЕМАСЪУЛИЯТИ!!!

Озодагон комменти маро мохи майи соли 2016 чоп накуну, имруз нотарсида чоп кун!!!

Махмасаид
То кай мухочират мегуед? О магар дар Точикистон чои кори ташкил кардан мумкин нест? Ба чои фабрикаи пойафзол мехмонхона сохтед, хамаи хоричиён давиданд ба ин мехмонхона? ин фабрика 3 смена кор мекард, 1000 нафар коргар дошт, ин 1000 нафар камаш 5000 нафарро мехуронд.

мехмон
Оббо!!! Шукурчон шумо дар кучо хонда бошед ? Магар номусу ори точики намондааст ,ки кадом як араби сусморхур аз мо канизак хостааст?? Ё то ба дарачае модару духтарони мо бекадр шудаанд , ки дар мулокотхои байни сафоратхо хамчун мол нархгузори мешаванд ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)