Бахшҳо
30 мар 2016 17:10Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Маҳкумияти “зани сешавҳара” барои “ҷиҳод” дар “Давлати исломӣ”

Додситони кулли Тоҷикистон аз маҳкумияти Зарина Сардорова, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки барои даъват ба ифротгароӣ ва иштирок дар ҷангҳои хориҷи кишвар 13 соли зиндон гирифтааст.

Тибқи иттилоияи додситонӣ, ки имрӯз, 30 март дар сомонаи расмии Додситони кул нашр шудааст, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сардорова Зарина Толибовнаро бо моддаҳои 3071 қисми 2 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.

Ба иттилои манбаъ Сардорова дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номҳои мустаор саҳифаҳо кушода, расми зани силоҳбадастро гузошта, ҳамчун зани ҷиҳодӣ дигаронро ба фаъолияти экстремистӣ даъват мекардаст: “Сардорова аз тариқи сомона бо Маърифат ном узви ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» шинос шуда, даъваташро барои узвият дар “Давлати исломӣ” пазируфтааст. 23 январи соли 2015 тавассути хатсайри Душанбе – Истанбул ба давлати Туркия парвоз намудааст”.

Тибқи иттилоияи додситонӣ 24 январи соли 2015 Зарина Сардорова бо Маърифат, шавҳари вай – Абубакр ва ду фарзанди ноболиғи онҳо аз шаҳри Истанбул ба шаҳри Газиентеппаи Туркия сафар намуда, баъди 8 рӯзи иқомат дар ин шаҳр, сарҳади давлатии Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур намудааст: “Дар шаҳри Дайруззори давлати Сурия, ки таҳти тасарруфи ташкилоти экстремистию террористии «Давлати Исломӣ» қарор дошт, ба ин ташкилот пайвастааст.Сардорова муддати 8 моҳ бо супориши роҳбарияти ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» ба ҷалби дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайати ин гурӯҳ ба воситаи сомонаҳои интернетӣ машғул шудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Сардорова Зарина ҳангоми дар шаҳрҳои Дайруззор ва Табқаи давлати Сурия қарор доштанаш, бо хешовандон ва шиносонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват намудааст: “Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сардорова барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда ба 13 соли зиндон, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муррабиягӣ ба муҳлати 2 сол маҳкум шуд”.

Иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан дар шарҳи ин қазия гуфта буд, ки Зарина Сардорова, модари ду фарзанд, моҳи январи соли 2015 ба модар ва шавҳараш гуфта, ки қасди истироҳат дар шаҳри Истамбули Туркияро дорад, “аммо дар асл мақсади ба Сурия рафтан доштааст”.

Вазорати умури дохилӣ дар гузориши телевизионие гуфт, Зарина ба наздиконаш ваъда медиҳад, ки ба Истамбул рафта, баъди як ҳафта бармегардад: “Шавҳари ӯ, Рустам Раҳмонов ба хотири барқарор кардани саломатӣ ва сайёҳати ҳамсараш аз бонк се ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифта, умедвор буд, ки пас аз ҳафтае ҳамсараш ба хона бармегардад. Вале аз ваъдаи бозгашти Зарина ҳафтаҳо сипарӣ мешуду аз ӯ хабаре набуд. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи доир кардани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи ошкор намудаанд, ки Зарина на дар Туркия, балки дар давлати Сурия қарор дорад”.

Ба иттилои манбаъ, бо гузашти ҳафтаҳо аз нопадид шуданаш Зарина тавассути “Вайбер”-и “Одноклассники” аз худ хабар дода, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намудааст, барои баргаштанаш ба Тоҷикистон ба ӯ кӯмак намоянд: “Пас аз ҳақиқати ҳолро бо чашмони худ дидан ва зери фишори шавҳари сеюм афтодан Зарина аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиши ба Ватан баргаштанро намудааст”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Зарина ҳангоми дар Ватан будан дар як вақт бо ду мард зиндагӣ мекардааст. Ба иттилои ин ниҳод, баъди ба Сурия рафтани Зарина ҳамсари якумаш - Рустам Раҳмонов хабардор мешавад, ки ӯ шавҳари дигар низ доштааст. Ба иттилои ВУД, Зарина дар Сурия бори сеюм бо як марди дигар хонадор шудааст.

Дар гузориши телевизионӣ гуфта шуд, никоҳи мусалмонии Зарина бо шавҳари дувумашро дар Душанбе раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ анҷом додааст. Ҳамсари дувуми ин зан дар гузориши телевизионӣ гуфт, аз шавҳар доштани Зарина хабар надошт. Ба қавли ӯ, Зарина вақти шиносоӣ гуфта, шавҳару кӯдак надорад. Дар гузориши ВКД, духтаре сухан кард, ки ба қавли муаллиф фарзанди Зарина Сардорова мебошад. Вай изҳор дошт, модараш ба онҳо таъкид мекард, назди ҳамсари дувумаш ӯро на модар, балки амма гӯянд. Ин ҷавондухтар дар ҳоле ки гиря мекард, гуфт, “модар баргард, туро ёд кардаам”.

Тибқи иттилои додситонии кулл феълан 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ дар сафи “Давлати исломӣ” дар Сурияю Ироқ менҷанганд.

Мӯҳр
Нур
Окибати хавою хавас

Inro barvakt honda budam https://www.ozodi.org/content/jailed-tajik-women-for-syria-war/27570943.html

АНТИ ДОИШ
СУРИЯ ВА ИРОК ИМРУЗ Е ФАРДО КАБРИСТОНИ КОМИЛИ ГУРУХИ ТУНДРАВИ ДОИШ МЕШАВАД

Hukmi iN zANi Se sHAvhARa qaTL ASt.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)