Бахшҳо
02 апр 2016 11:00Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулоти таърихӣ” (АКС)

Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо нашри як иттилоия зери унвони “Ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулоти таърихӣ” хабар додааст, ки як шаҳрванди Афғонистон қасд дошт, 12 адад болопӯши гулдӯзишудаи болиштҳоро бидуни иҷозати Вазорати фарҳанг аз кишвар берун барад.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 1 апрел дар минтақаи назорати гумрукии Панҷи Поён аз Гулбиддини Муҳобиддин шаҳрванди Афғонистон ба миқдори 12 адад матоъҳои дастӣ гулдузишуда мусодира гардид, ки хусусияти таърихиву фарҳангӣ доранд.

Тибқи иттилоияи Хадамоти гумрук Гулбиддини Маҳобиддин хостааст, болопӯшҳои болиштро бидуни иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол бидиҳад: “Ҳолати мазкур пешгирӣ карда шуда, нисбати Гулбидини Муҳобиддин парвандаи маъмурӣ оғоз гардид”.


“Ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулоти таърихӣ” (АКС)

“Ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулоти таърихӣ” (АКС)
Мӯҳр
Забъ чиноятеро пешгири кардед.
Чор латаи метахурдаи кухнара як афгон мехостаст барои хотира бо худаш ба Кобул бибарад. Оё хаминхам чиноят аст ??
Чи хусусияти таърихи ва фмрханги дорад ??
Бахудо,ки и шармандаги аст. Барои ду латта одама боздошт кунанд ва эълон кунанд,ки мо аз чиноят пешгири кардем.
Дар хама-давлатхо туристхо омада баъзе чизхои хотирави барои худ мебаранд. Ягон сувенир ё либосиву ягон аспоб мехаранд барои хотира. Ин чиноят нест.
КНДР накунед кишварамонро.

сарбоз
ба чои ин кочоки молхоро пешгири кунед намешавад. аз сугд ва вмкб

Беақл
Агар онҳо маводи таърихӣ бошанд, дуруст кардаанд.
Лекин шак нест, ки барои ҷаримабастан кадом ягон чизҳои солҳои оддиро мусодира кардаанд.

Майрам
дигар кор надоранд фарҳанчиёну гумрукчиёни мо
ин маҳсулот навдухташуда ку
Бозор пур аз он
ба ҷойи рекламаи маҳсулоти гулдузиёни мо тарс дар харидорони хориҷӣ пайдо мекунед

ҳамин дуто ба ном патриоти мо - кумитаи забону ҳамин фарҳангчиён
чунин корҳояшон зарар медиҳад
масалан кумитаи забони девонаи мо як хориҷиро барои истифодаи номи ширкаташ бо забони англисӣ ҷарима кард
кани ҷипу мерседесу опелро ҷарима кунед барои истифодаи номи мошин бо забони англисӣ

гулдуз
Ин системаи интиколи махсулоти ҳунарманди метавонад иктисодиётро тормоз диҳад.

шахрванд
Ин чи шармандаги бошад? Баъди ин рафторхо ягон турист ба кишварамон намеояд.

ТОЧИК
Бародарони гумрукчи аник кунед хамин чизхои мегуфтагитон аник истехсоли хитой хастанд. Зеро анаму атласам даже тибки маълумотхо аз хитой ворид шидестай. Дигар ин ки ин латта чи ахамияти фарханги доштааст. Ин кадар лату путе ки чунин гулдузи карда шудааст ахамияти фарханги дорад гуфта шумоён ба хорич бурдан намонед, вазорат нобуд кардан намонад, медонед баъди 10 сол таги латта мемонем ака

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)