Бахшҳо
02 апр 2016 16:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Модари 20-сола бо кӯдаки 6-моҳааш худро ба дарё андохт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 2 апрел, соати 7:50, як модари 20-сола бо кӯдаки 6 моҳааш худро ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ҷон додаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Мафтуна Раҳимова ба меҳмонӣ ба хонаи падараш дар шаҳри Ваҳдат омада, бо сабабҳои номаълум худро бо писари 6-моҳааш аз болои купруки назди бозори “Хайр” ба дарё андохтаст: “Ин зан, ки дар ноҳияи Файзобод хонадор будааст, ба хонаи падараш меҳмонӣ омадааст. Сабабҳои даст ба худкушӣ заданаш то ҳол маълум нест”.

Манбаъ афзуд, ки наҷотдиҳандагон ҷасади Мафтуна Раҳимоваро соати 10:05 дақиқа аз ҳудуди деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ пайдо намуда, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супоридаанд: “Кофтукоби ҷасади кӯдак идома дорад”.

Манобеи “Озодагон” яке аз сабабҳои эҳтимолии даст ба ин кор задани Мафтуна Раҳимоваро муноқишаи хонаводагӣ арзёбӣ мекунанд: “Маъмурини пулис як пешхизматро бозпурсӣ мекунанд, ки талош намудаст, занро аз худкушӣ боздорад, аммо муваффақ нашудааст”.

Худкушии ҷавонзан дар ҳолест, ки шавҳараш, сокини деҳаи Қанғелии Файзобод чиптаи ҳавопаймо доштааст ва бояд имрӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафтаст.
Мӯҳр
Саид
Муфти мухтарам дар бораи худкуши амри маъруф кунед дар тамоми чумхури .

Мирзо
Бигузор олимони дин тарики телевизион дар бораи худкуши, зуровари, имон ва дигар чизхо баромад кунанд. На ин ки ранги муфти таърифу тавсифи хукумат.

Салмон
Муфтии мо наврузро монда дар бораи худкуши амри маъруф мекунад? ? Хахахахандовар.

Ин чо дин,хукумат,сиесат умуман робитае надорад.ин чо танхо мову шумо,ки чунин чомеаро ба миен овардаем.сабабгорем.вакте шахс дар чунин холати рухи меафтад ба чашмаш на кудаки ширинаш,на гунохи азим ва на алави дузах намоен мегардад.танхо дар майнааш ун холате,ки ранчур карда буд чарх мезанад .тасаввур кунед.аз дасти шумо хеч ери намеояд ва натича факат 1хел.чигуна пешгири бояд кард.дар боло кайд кардам,ки хамаи мо сабабгорем,бале духтархоямонро дуруст тарбия намекунем,сафеду сияхро чудо карданро ед надод ба шавхар медихем ва аз хама асосиаш дар зиндаги хама чиз шуданашу хар хел одамхо буданашро ва шахс хамаашро бо сабр паси карда тавонистаашро намеомузем.хуб мешуд бештар модарон ба духтарони худ намунаи оиладори шаванд ва хам дусти наздиктарин ва аз тарафи хукумат бошад конун кабул кунанд ки,пеш аз гузаштани сахш арусу домод хатман аз сухбати рухшинос гузаранд .ва пас аз бунеди оила низ хар 6мох бо рухшинос сухбат ороянд.ва пеш аз тавлиду баъд аз тавлиди кудак низ хар 3мох бо худи модар сухбат ороста ,чи будани модари,чигуна душвор будани ин вазифа ва чигуна аз ухдааш баромаданро бояд омузанд.даврахои модарони чавон,курсхои м.чавон ташкил бояд кард.ва боз як чизи аз хама мухим мардхо низ ба завчаи худ ва ба оилаи худ каме эътибор дода,каме вакт чудо карда, каме сухани ширинро дарег надоранд олам гулистон мешавад.зеро карс аз ду даст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)