Мавқеи 153-юми Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои бой

Маҷаллаи амрикоии “Global Finance Magazine” рӯйхати бойтарин кишварҳои ҷаҳонро нашр карда, Тоҷикистонро миёни 185 давлат дар ҷойи 153-юм қарор додааст.
Гузоришгарон мегӯянд, кишварҳои ҷаҳонро бо назардошти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар сокин раддабандӣ кардаанд: “Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон сари ҳар сокини кишвар 2,8 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки камтарин нишондиҳанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад”.
Global Finance Magazine Қатарро бойтарин кишвари ҷаҳон номида, афзудааст, ки маҷмуи маҳсулоли дохилии ин кишвар ба сари ҳар сокинаш ба 146 ҳазор доллар баробар аст. Дар ҷойи дуюм - Люксембург (94176$), дар зинаи сеюм- Сингапур (848214) қарор гирифтаанд.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҷойи 50-ум, Туркманистон-77, Узбакистон-127 ва Қирғизистон мавқеи 142-юмро соҳиб шудаанд. Ба рӯйхати 25 кишвари бойтарин Бруней, Қувайт, Норвегия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, ИМА, Шветсария, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Нидерландия, Ирландия, Австралия, Австрия, Шветсия, Олмон, Тайван, Канада, Дания, Умон, Исландия, Белгия ва Фаронса шомиланд. Кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (185), Конго (184), Малавӣ (183) дар зинаи охири раддабандӣ қарор гирифта камбизоаттарин кишварҳои ҷаҳон унвон шудаанд. Ба иттилои манбаъ, раддабандии бар асоси иттилои Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор тартиб дода шуда, гузоришгарон зимни раддабандӣ қобилияти харидории ҳар сокин, сатҳи зиндагӣ ва таваррумро дар кишварҳо ба назар гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |