Бахшҳо
05 апр 2016 07:55Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Аз раиси нави Роғун то президенти Академия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри 4 апрел дар бархе аз сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намудаст.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Билол Иброҳим - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун ва Асозода Нуралӣ Маҳмадулло - Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ бо сабаби ба нафақа баромадан Давлаталӣ Ҳотамов аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳикмат Ҳисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон озод гардиданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон Каримзода Азизмадро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси ҳамин кумита таъин кардааст: “Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии озод ва ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуд. Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид”.

Дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Академияи илмҳо дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки Мирзораҳимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академия озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Неъматзода Фаррух Неъмат низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Қурбонзода Хуршед Ҳазрат таъин шудаст: “Инчунин бо амри Президент Сафизода Қадамҷон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид”.
Мӯҳр
Мухтарам мегум дигар чи тавр бучаи давлатро пур карданро намедонед

Кормандои ҳукумати дар Тоҷикистон дигар универсални шудаанд касе куҷое хост кор кардан мегирад. Масалан вазири тиб мешавад вазири саноат ва вазири футбол мешавад вазири тиб.. ин таъғироти кадри нест балки ҷоқивазкуни асту халос.

Ман ягон таъғироти ҷиддиро намебинам. Ду-се нафарро аз вазифа барканор карданду ҷойи дигаронро танҳо тағйир доданд, ки маъноитақйироти кадриро надорад. Афсус, дар точикистон кадрҳо маҳалбозӣ ва хешу таборбозӣ фаровон ҷой дорад. Кадрохои босавод хама дар Хоричан. Точикистон-ро факат лаганбардорон хамма Мардуми одди дар мухочират. Ба хамин хамма Шукрона кунем ки давлати обод дорем. :(

мехмон
Али рафт Вали омад !! Али ба чои Вали , Вали ба чои Али !! Чунки онхоро хеч кас иваз карда наметавонад !!! Онхо дар як чои истода пойкуби мекунанд ва иктисодиётро низ пеш рафтан намегузоранд. !!!! Нохонда унвон гирифтаанд ва номзади илм мебошанду дар сохили чапи илм бо дурбин китоб мехонанд !!!!

Ягон кадри сохибилм нест ! Шахсиятхои тасодуфи!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)