Бахшҳо
05 апр 2016 10:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳси номгузорӣ, либоси ягона ва мусиқии гӯшхарош дар ҷаласаи Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Абдулҳақ Алиев, раиси «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Файзиддин Камолов, сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти пойтахт охирин танбеҳ эълон намуда, барои ислоҳи камбудиҳои соҳаи нақлиёт як моҳ муҳлат муқаррар кардааст.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 4 апрел ба ду масъули танбеҳгирифта, дастур додааст, ки давоми як моҳ сару либоси ҳатмии ронандагӣ ҷорӣ карда шавад. Раиси Душанбе инчунин хостори ҷилавгирӣ аз пахши мусиқиҳои гӯшхарош дар тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ шуда, таъкид намудааст, ки маҳаллаҳои воридгардида ба марзи Душанбе бо хатсайрҳо фаро гирифта шаванд. Убайдуллоев инчунин муқаррар намудаст, ки минбаъд дар марзи шаҳр тағйирдиҳии хатсайр ва ё ташкили хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни мавҷуд будани қарори раиси шаҳри Душанбе манъ мебошад.

Дар баробари баррасии масъалаҳои дигар Убайдуллоев ба номгузории маҳаллаю кӯчаҳо дар пойтахт дахл карда, дастур додааст, ки зимни номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр, қабл аз ҳама ба пешниҳоди сокинони маҳалҳо такя карда шавад: “Баъдан бо интихоби номҳои аз нигоҳи мантиқу таърих ва фарҳанги миллӣ омӯзанда, лоиҳаи қарорҳои дахлдорро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе манзур созанд”.
Мӯҳр
Канд занед раиси шахр. Шумо аз аввал оиди кор чидди муомила мекардед. Афсус, ки шумо низ побастаи сиёсати хукумати боло хастед.

Дигар кор нест боз номи куча ивазкуни боз 20 сомони супоред дар пушти паспорт номи кучаатонро иваз мекунем....

"дастур додааст, ки давоми як моҳ сару либоси ҳатмии ронандагӣ ҷорӣ карда шавад"- Э вой бар ҳолат миллат!!! Рафиқ Убайдуллоев!! ба ҷои ҳамин либос мегуфтед як-ду сомони ҳамин ронандаҳои бечора ҷамъ мекарданд.Шояд бо пули онҳо корҳои роҳсозии даруни шаҳр тезтар ба поён мерасиду саҳари пагоҳ роҳҳо пробка намешуд.Аз соле, ки ман худро мешиносам ҳамин мости 46 ҳар сол як маротиба таъмир мешавад.Дар шаҳри Лондон як мост соли 1820 сохта шуда дарозиаш 800 метр аст, ки то ҳол таъмир нашуда истифода мегардад. Бас будагист пули буҷаро харҷи беҳуда кардан.

Саид
Рахмат раис проблемаи асоси ин аст хар руз мусофиронро фиреб медиханд. Ба чои 1 сом 60 дирам 2 сом мегиранд.

с.з.м.
Агар раисони шахру нохияхо 30 фоиз кори Убайдуллоевро кунанд Точикистони мо обод мешавад. Зинда бод раиси шахр.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)