Бахшҳо

Ҳушдори Кумитаи амният аз хатари “дрон”-у ҳавопаймоҳои бесарнишин

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, содироту воридот ва харидуфурӯши беназорати дронҳои наворбардорию ҳавопаймоҳои бесарнишин ба амнияти кишвар хатар дорад.

Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 6 апрел зимни ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки гуруҳҳои нашъаҷаллоб ва террористӣ метавонанд бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои Тоҷикистон хатар эҷод кунанд. Умаров бо зикри ин таҳдид, тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ки бар асоси он воридоту содирот, дастрасӣ ба ҳавопаймоҳои бесарнишин, хариду фурӯши онҳо назорат карда мешавад.

Ба суоли “Озодагон”, ки оё тағйироти мазкур ба “дрон”-ҳои наворбардорӣ низ рабт доранд, Умаров посух дод, ки “дронҳо” низ зери назорат гирифта мешаванд. Ӯ гуфт, ки бархе дронҳо то квадракоптерҳое ҳастанд, ки метавонанд то 15 кило борро бардоранд ва метавонанд барои интиқоли маводи мухаддиру тарканда истифода шаванд: "Воридоти ҳавопаймоҳое, ки характери гражданӣ доранд, бо мақомоти авиатсияи гражданӣ мувофиқа карда мешавад. Дигарҳояш бо Вазорати мудофиа ҳамоҳанг карда мешавад".

Ба суол, ки оё то ҳол ягон ҳавопаймои бесарнишин ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шудааст ё на, муовини раиси Кумитаи амният посух дод, ки чунин ҳолат сабт нагардидааст. Ӯ танҳо чанд ҳолати вуруди ғайриқонунии ҳавопаймоҳои шаҳрвандиро ба фазои Тоҷикистон тасдиқ кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасӣ, тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро қабул намуд.
Мӯҳр
о
Инро аз бекори кадукори мегуянд.

точир
Синабандакро хам хам манъ кунед, яке дар дарунашон камера надошта бошанд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Худӣ

Аз ҳамон кас пурсед, боз бисёр роҳҳои гузаронданро медонад.
Аз думболи ришу сатр камтар шавед, сарҳадро маҳкам доред.
Шармандагӣ аст дар дохили хоки худатон даромада гражданҳоятонро заложник гирифта ба он тарафи сарҳад мебаранд.
Вакилони муҳтарам, аз Умаров напурсидед ки чӣ хел чунин ҳодисаҳо руй медиҳанд?

Аз Россия системаи С-300 ё С-400 (Триумф) харид намуда дронхоро шапидан гиред...

Ба кумитаи амнияти Ч.Т. Дар тамоми чахон видёкамерахои парвозкунанда барои нигохбонии кишоварзиашон моликияту чорвоашон хизмат мекунад дар мо маън кунед. О амният дар даврае, ки пешрави босуръат идома дорад, каме кор кунад да. Умуман аз як чихат гуфтаи онхо низ кобили кабул аст. Холо точикистон дар асри 18- карор дорад. Барои Ч.Т . ин апаратураи муосир чой надорад, чунки дар асри 18- ин апаратура набуд. Бади ягон 300 сол бад мумкин.

Саида
Ташаккур ба КДАМ барои ин амал! Бархе касон дар куруту мавизу гулинг маводи мухаддир чой мекунанд, ки медонад бо ин аппаратхои парвози чи кор хоханд кард. Ман хам тарафдори кабули чунин карор хастам. Ин барои амнияти мо ва кишвари мост.

Рохбарони азиз мо аз кучо ичозатномаи дронхоро дастрас кунем 3-мох мешавад мо дрони худро аз амния гирон наметонем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)