Бахшҳо

Омбудсмен: Осори латукӯби Меҳроварро наёфтем

Дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иддаои наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов дар бораи латукӯбаш аз ҷониби ҳамхизматонро санҷида, иттилоъ додааст, ки осори латукӯбро пайдо накардааст.

Дар ҳоле, ки волидайни Меҳровар Мақсудов иддао доранд, ки фарзандашон дар пайи латукӯб аз ҷониби ҳамхизматҳояш дар беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст, дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, худи ин сарбоз аз касе шикоят надорад: “Дар пайи дарёфти хабар намояндаи омбудсмен барои санҷиш ба беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ рафта, маълум кард, ки сарбоз Меҳровар Мақсудов 22 марти соли 2016 барои муоинаи ҳолати руҳӣ ва гузаронидани экспертизаи психиатрӣ бистарӣ шудааст”.

Дафтари омбудсмен аз қавли духтурон иттилоъ додааст, ки ҳангоми муоинаи Мақсудов дар бадани ў осору нишонаҳои латукўб ошкор нашудааст”.

Манбаъ афзуд, ки худи Меҳровар Мақсудов низ зимни суҳбат латукӯбашро рад карда, изҳор доштааст, ки нисбати касе шикоят надорад: “Феълан ин сарбоз дар бинои 2-юми беморхона бистарӣ буда, зери назорати пизишкон қарор дорад”.

Аммо наздикони Меҳровар иддао доранд, ки ӯ дар қисми ҳарбии 08010-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа хизмат карда аз ҷониби ҳамхизматонаш латукӯб шудааст. Феълан таҳқиқи ин қазия аз сӯи додситонии низомии Тоҷикистон идома дорад.
Мӯҳр
Самак
Обмудсман кай осори латту кубро дар ягон маврид ёфта буд, ки ин дуюмаш бошад! Ин масхараи ҳуқуқи инсон аст, на чизи дигар. Раиси ҷуҳмур бояд институти Омбудсманро аслан бекор кунад, чӣ даркор маошхури зиёд, ки корашон фақат дуруг гуфтан аст.

Firdavs
X-Files ku...:-) Akai Maldera jegh zanem

смм
Чашмои шуморо вазифа кур кардааст хеч чизро намебинед хатто кухи калонро

Аз барои савоб, ягон одами бо дилу ҷигарро амбудсмен монед.
Ин мардаки хуба ҳеҷ кас ба гапаш гуш намедиҳад. Ҳатто

шахрванд
одамро куштанд, аммо ин амудсмен мегуядки ин одам худаш пеш по хурда афтода мурд.

Сангак
Таваки оша монед задан гирад обсудмен

Хочи
Агар дар пеши чашми ин омбудтсмен одамро зада кушанд,ки осори лату кубро намеёбад ва ин як ҳақиқат аст. Чӣ зарурат ба омбудсмен, вақте.ки ӯ на ба ҳимояи ҳуқуқи инсон балки ба ҳимояи мансабу крси машғул аст?

Вафо
Агар назорати хуб дар сафи куввахои мусалах мешуд ё ягон рохбари хубро мегузоштанд,хама ба ихтиёри худ ба хизмати харби мерафтанду ватандуст мешуданд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)