Сангрезӣ ва сарозер шудани “тангем” бо мусофиронаш дар Хоруғ
Дар пайи сангрезӣ дар шаҳри Хоруғ мошини “чанху” ё худ “тангем” бо 5 нафар ба чуқурии 83 метрӣ сарозер шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса 5 апрел, замоне рух додаст, ки “тангем” таҳти идораи ронандаи 19-сола аз самти “Боғи Ботаникӣ” ба кӯчаи Г.Имроншои шаҳри Хоруғ ҳаракат мекард: “Аз сабаби боришоти зиёд ва фаромадани сел, аз болои кӯҳ санги калон афтида, ба чархи тарафи чапи автомашина задаст. Мошин ба ҷарии чуқуқрияш 83 метр чаппа шудаст ва дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Хоруғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, се мусофири дигар- марди 24 ва 23-сола, сокинони шаҳри Хоруғ ва сокини 21-солаи ноҳияи Шуғнон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |