Бахшҳо

Таҳдид баъди ошиқӣ: Ифшои қаллобии телефонии ҷавонзан бо овози мардона

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 25-сола, сокини ноҳияи Панҷ иттилоъ дод, ки тариқи телефон бо овози мардона занони дигарро ба доми фиреби худ дароварда, маблағ меситондаст.

Тибқи гузориши телевизионии Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда, Иқболмои Лутфуллозода худро Муҳаммад муаррифӣ карда, тариқи телефон ба занҳо изҳори муҳаббат мекардааст. Худи Иқболмо дар гузориши ВКД шоҳидӣ медиҳад, ки бо истифода аз хизматрасониҳои 0990-и ширкатҳои мобилӣ, ки имкон медиҳанд, муштарӣ овозашро тағйир диҳад, бо овози мардона бо занон суҳбат мекардааст. Ба иттилои мақомот “Муҳаммад” аз ҷумла бо Муъминова Оиша, сокини ноҳияи Панҷ ҳамсуҳбат шуда, баъди изҳори муҳаббат аз Оиша хостааст, аксашро равон кунад: “Дар пайи дарёфти акс, ба Оиша таҳдид кардааст, ки агар маблағ надиҳӣ, аксатро урён дар шабакаи “Однокласники” нашр мекунам. Бо ҳамин роҳ аз Мирзоева 2 ҳазор сомонӣ гирифтаанд”.

Инчунин Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Иқболмо якҷоя бо Холиқова Муҳаббати 51-сола худро соҳибкор муаррифӣ карда, аз шаҳрванд Зафар Раҳимов беш аз 65 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, барнагардондаанд: “Феълан алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.
Марди хакикиям,бо тану туш,солиму бардам,худоро шукр,овози хакикии мардонаву сурату сирати мардона дорам,махбуба ефта наметавонму ин духтари 25-солара бинеде,балох..На дар "одноклассник",ефтему на дар контакту твиттеру фейсбуку дигаруш.Як раги манам ай хаму Панчай, ё тобае.Инуш мега пешунит дунгурай,ваюш мега муйлабот ранги харфи "П",хай,инуш мега муйхои сарут то китфотай,яке мега ранги дев механди, бо якеш мега,ки мисли зангихои...Кандта бзан Икболмох, туро нодида ошик мешаванд, манро дидаву дониста,"игнорировать" мекунанд..Ина имруз хам,вохури дар пеши метрои "Новочеркасская" буд...бо отказь,овозом баланду дагал будай,муйхои сарум чингилаи будай...

sit
bah bah Sorboni Oshiq! khub navisited lekin! :) voy bar holi in dukhtar.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)