Бахшҳо

Чаро Русия ҳушдор медиҳад?

Талабшоҳи САЛОМ

29 марти соли ҷорӣ иддае аз расонаҳои Тоҷикистон аз нашри гузориши оҷонсии “Сиёсати хориҷӣ” ва бошгоҳи “Валдай” хабар доданд. Тибқи ин гузориш, нооромӣ дар Тоҷикистон яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои Русия унвон шудааст. Дар гузориш аз эҳтимоли ташкили як давлати “ҷиҳодӣ” ҳушдор дода, дар ин росто аз осебпазирии Тоҷикистон ба унвони хатар барои Русия ёд мешавад. Муаллифони гузориш русҳо ҳастанд...

“САФСАТА”-Е, КИ ТАҲАҚҚУҚ ЁФТ

Бори аввал нест, ки русҳо, чӣ масъулини расмӣ ва чӣ масъулину ташкилотҳои ҷамъиятии он аз ноором шудани Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Соли 2012, замоне ки баҳсҳо атрофи тамдид кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон идома дошт, Владимир Чиркин, фармондеҳи неруҳои хушкигарди Русия, яке аз чеҳраҳои фаъол барои ба даст овардани ризояти Тоҷикистон бобати тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия чунин як ҳушдор дода буд, аммо мақомоти расмӣ онро “сафсата” хонданд. Чанд муддат аз ин “сафсата” нагузашт, ки воқеоти Хоруғ сар заданд ва то тирамоҳи ҳамон сол вазъи минтақа буғранҷ буд. Дар баробари ин, русҳо бо ин иддао, ки амният дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ амнияти Русия аст, борҳо аз осебпазир будани марзи Тоҷикистон ҳушдор додаанд, вале хушбахтона дар аксари маврид ин гуна “таҳдид”-ҳо аз сафҳаҳои расонаҳо берун нарафтанд. Дар маҷмӯъ, сиёсатмадорони рус борҳо ба ин нукта ишора кардаанд, аммо Игор Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ин нуқтаро возеҳан баён карда буд, ки хабаргузории “Озодагон” аз қавли ӯ навишт: “Амнияти Русия аз муҳофизат шудани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва қавӣ будани неруҳои мусалаҳи Тоҷикистон вобаста аст”.

Аз ин ҳама бармеояд, ки дар робита ба марзҳои Русия дониста шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби русҳо ҷойи баҳс нест. Вале ишораи русҳо ҷиҳати осебпазир будани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва умуман, таъкидҳои онҳо дар иртибот ба нооромиҳо дар Тоҷикистон натиҷаҳои мухталиф доштааст. Яъне, ҳам таъйиди худро ёфтаанд ва ҳам натиҷаи баръакс додаанд.

“АФСОНАҲО”-И РУСӢ

Чаро Русия ҳушдор медиҳад?Феълан, ки сухан аз осебпазир будани марзҳои Тоҷикистон меравад, ҳушдорҳо ҷиҳати ҳуҷуми Масъуд ва баъдтар Толибон ба ёд мерасанд. Бинобар ин зарур аст, то назари иҷмолие нисбат ба аҳдофи ин ду нерӯи мутахосим дошта бошем. Набояд фаромӯш кард, ки неруҳои Масъуд ва неруҳои Толибон, новобаста аз он ки яке паҳлӯи мусбат ва дигаре ҷанбаи манфӣ барои Афғонистон доштааст, неруҳои дохилии худи Афғонистон буданд. Дар робита ба Масъуд наметавон ҳарфи бештаре зад, ба ҷуз он ки тавон гуфт, неруҳои Масъуд як нерӯи расмии Афғонистон буданд ва танҳо барои оромӣ дар Ватанашон меҷангиданд, ки ин амали ӯ мақоли юнонии “агар сулҳ бихоҳӣ, ба ҷанг омода шав”-ро ба хотир меорад. Пас ҳеч далели мантиқие барои ҳуҷуми Аҳмадшоҳи Масъуд ба Тоҷикистон вуҷуд надошт.

Толибон бошанд, ҳамчун нерӯи мухолифи Масъуд пуштибони хориҷӣ дошт ва низ дорад, вале стратегия ин гуруҳ, ки на ҳама давлатҳои ҷаҳон онро террористӣ медонанд, дар ба қудрат расидани онҳо ба Афғонистон хотима меёбад. Бинобар ин ҳушдори русҳо дар робита ба рахна кардани марзи Тоҷикистон аз ҷониби Толибон афсонае беш нест ва агар беш аз ин бошад, омехта бо ғараз аст. Толибон берун аз Афғонистону Покистон ҷонибдор дошта наметавонад, ҳол он ки дар баъзе маворид ҳам Толибонро ба ду гуруҳ ҷудо месозанд: афғонистонӣ ва покистонӣ. Бо вуҷуди он ки мақомоти афғон аз вуҷуди тоҷикони тоҷикистонӣ дар суфуфи он мегӯянд, аз лиҳози стратегияе, ки Толибон доранд, ғасби Ҳукумати Афғонистон ё дар сурати ба тавофуқ расидани онҳо бо Кобул саҳим шудан дар ҳукумати ин кишвар, ҳушдори русҳоро метавон муғризона унвон кард, зеро ҳадафи онҳо танҳо ҳукумати Афғонистон аст, на дигар кишварҳо.

Қаблан, замоне ки русҳо марзҳои Тоҷикистонро тарк мекарданд, дар иддае аз навоҳии марзӣ нигарониҳое ба вуҷуд омада буд, зеро дар гузашта низоми коммунистӣ афғонро барои мо хеле хашин ҷилва медод. Тӯли 11 сол аст, ки тоҷикон худ марзбонӣ мекунанд, аммо аз воҳимаи русҳо асаре намондааст. Агар қаблан русҳо таҳдиди Толибонро баҳона мекарданд, сарфи назар аз стратегияи онҳо русҳо бовар доштанд, ки Толибон наметавонанд ба Русия бирасанд, вале айни ҳол масъала ба гунаи дигар аст. Яъне, ҳушдори ахири Русия аз соири ҳушдорҳояш дар гузашта фарқ дорад.

ТАВОФУҚИ ДУ РАҚИБ ТАНҲО ДАР СУРИЯ

15 марти ҳамин сол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия амр кард, то хуруҷи неруҳои ҳавоии ин кишвар аз Сурия оғоз шавад. Ба қавли Путин, ин неруҳои русӣ дар Сурия рисолати худро анҷом доданд. Неруҳои рус 30 сентябри соли гузашта вориди хоки Сурия гашта, ба қавли Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар тӯли 5,5 моҳ тавонистанд аз шаклгирии гуруҳи террористии ДОИШ, ки дар Русия ва чанде аз дигар кишварҳо фаъолияти он мамнӯъ аст, пешгирӣ намоянд. Ба қавли вазири дифои Русия, неруҳои низомии рус дар натиҷаи ҳузури худ дар Сурия 9 ҳазор парвоз анҷом дода, роҳҳои интиқоли нафт ба Туркияро аз ҷониби ДОИШ, роҳҳои ба даст овардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ барои ин гуруҳи террористиро аз байн бурданд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, дар давоми ҳузури неруҳои рус дар Сурия 209 манбаи нафт, мавзеъҳои коркарди он ва марокизи истеҳсоли маводи сӯзишворӣ низ тахриб шуда, 400 минтақаи маскунӣ ва беш аз 10 ҳазор километри квадратӣ аз таҳти нуфузи ДОИШ озод шудааст.

22 феврали соли равон Русия ва Амрико, ду рақибе, ки дар масъалаи Сурия мавзеъҳои мутафовит доштанд, бо пахши як баёния аз даст ёфтанашон ба тавофуқ дар 11 феврал хабар доданд. Дар баёнияи муштараки Русия ва Амрико омадааст: “Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун ҳамраиси Гуруҳи байналмиллаи дастгирии Сурия (ГБДС) талош менамоянд, идораи сулҳомези буҳрони Сурияро бо арзи эҳтироми тамом ба нақши бунёди СММ таъмин ва ба хотима додани низоъ дар Сурия ва фароҳам овардани шароит барои давраи гузариши сиёсӣ бо роҳбарии суриҳо ва кӯмаки СММ азми қавӣ кунанд, иҷрои комили Баёнияи Мюнхен аз 11 феврали соли 2016, Қатъномаи №2254-и Шӯрои амнияти СММ, Баёнияи Вена аз соли 2015 ва Комюнникеи Женева аз соли 2012-ро таъмин намоянд”.

Чаро Русия ҳушдор медиҳад?Тибқи ин баёния, соати 00:00 (бо вақти Димишқ) оташбас дар Сурия оғоз шуд. Вале ин оташбас танҳо ба неруҳои мухолифи Ҳукумати Сурия рабт дошта, ба ДОИШ, Ҷабҳат-ун-нусра ва дигар гуруҳҳои сурие, ки СММ онҳоро ҳамчун гуруҳи террористӣ эътироф кардааст, иртибот надорад. Тавофуқи ин ду абарқудрат дар ҳолест, ки қаблан онҳо сари масъалаи умда – боқӣ мондани Башшор Асад, раисҷумҳури феълии Сурия дар сари қудрат иттифоқи назар надоштанд. Русия мехост Башшор Асад дар сари қудрат боқӣ монад, аммо Амрико на. Дар нишасти Вена бошад, ин масъала ҳалли худро ёфт ва ГБДС бо ҳамраисии Амрико ва Русия ба натиҷае расид, ки оташбас эълон шавад ва дар интихоботи соли 2017 суриҳо раисҷумҳури худро интихоб хоҳанд кард. Бо ҳамин дигар метавон гуфт, раванди сулҳ дар Сурия оғоз гашт.

РУСИЯ АЗ НАЗАРИ СТРАТЕГҲОИ АМРИКО

Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар қарни гузашта ду рақиби аслие буданд, ки ҷанги сард ва баъдан, вуруди Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон онро ба шикаст мувоҷеҳ кард. Бо ҳамин сиёсати дуқутбӣ дар ҷаҳон сабти саҳифаи таърих шуд. Бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ Амрико Русияро рақиби аслии хеш дарёфт. Чанде қабл 17 ходими илмии Амрико алайҳи Русия стратегияе пешниҳод карданд. Ин стратегия, ки бо назардошти меъёрҳои чопи байналмилалӣ, аз 33 саҳифа иборат аст, “Стратегияи ҷомеи Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия” ном дорад. Ба қавли муаллифон, ки ду нафари онҳо проффесор ҳастанд, баъд аз хотима ёфтани ҷанги сард Амрико алайҳи Русия стратегияи ҷомеъ надошт, вале “баъди таҷовузи Русия алайҳи муътаризини Украина Амрикоро лозим омад, ки ин нокомиро ҷуброн кунад ва албатта, ҳамсояҳои Русия барои рафъи ин нокомӣ бештар аз Амрико харҷ карданд”. Дар ҳамин ҳол, феълан муаллифон ба ин назар ҳастанд, ки “стратегияи Амрико алайҳи Русия ҳатто бояд қисме аз стратегия бузургтари Амрико бошад, зеро бар хилофи ҷанги сард Русия, ҳарчанд худро рақиби геополитикии Иёлоти Муттаҳида шуморад ҳам, рақиби умдаи Амрико нест, аммо возеҳ аст, ки қисме аз стратегияи Русия дар бозгашт ба шеваи Иттиҳоди Шӯравӣ таҷассум меёбад, ки бо нақши пешгирикунанда бозидан ба бештаре аз масоили ҷаҳонӣ, буҳрон ва нуқоти доғ бидуни шинохти масъулият машғул мешавад”. Онҳо ҳамчунин матраҳ кардани “як қатор чолишҳои стратегию ҷаҳонӣ, тавсеаи силоҳи ҳастаӣ ва артиш”-ро аз ҷониби Русия бисёр хатарнок унвон карда, фошкориҳои Русияро алайҳи Амрико ва ҳамроҳонаш таҳдиди ҷиддӣ барои Иёлоти Муттаҳида медонанд.

Чун сухан дар ин стратегия дар бораи рақобатҳои Русия ва Амрико меравад, албатта, Осиёи Марказӣ ҳам дар канор нест. Дар робита ба Осиёи Марказӣ дар ин санад гуфта мешавад: “Миллатҳои Осиёи Марказӣ дар Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба таври оддӣ як гуруҳ карда шудаанд, аммо тафовутҳои муҳиме аз ҳам доранд. Қазоқистон, бузургтарин, ғанитарин ва мустаҳкамтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Русия ҳамарз мебошад. Қирғизистон кишвари озодтар аст, дар ҳоле ки аҳолии зиёди Узбакистон чун чор кишвари дигари Осиё Марказӣ дар як ҷо ҷойгузин шудаанд. Дар давлатҳои Оcиёи Марказӣ рақобатҳои мухталифи минтақаӣ, мухолифатҳои умдаи сиёсӣ, манобеи табиӣ ва дараҷаи инкишоф вуҷуд дорад. Аз дигар тараф дар ин давлатҳои пасошӯравӣ миллатҳои гуногун бо шохиси нисбатан пасти сохти давлатдорию озодиҳои сиёсӣ ва ҳуввияти миллии барои якдигар ночаспон ба сар мебаранд”.

Нуқтаи ҷолиби диққат дар санади зикршудаи стратегҳои амрикоӣ чунин аст: “Русия зарурат ё ҳавасмандии худро ҷиҳати эҷоди "низои яхбаста" дар Осиёи Марказӣ нишон надодааст, аммо агар дар ин ҷо буҳроне сар занад, минтақа аз ҳимояи худ оҷиз аст, ҳатто на тавассути неруҳои худ ва на тавассути неруҳои шариконаш онро пешгирӣ карда наметавонад”.

ҲУЗУРИ ДОИШ ДАР АФҒОНИСТОН

"Давлати исломии Ироқу Шом", ки гуфта мешавад, ҳанӯз соли 2006 аз баданаи “ал-Қоида” ҷудо шудааст, баҳори соли 2013 бо шурӯи ҷанг дар Ироқ худро ҳамчун як нерӯи ҷангҷӯ ба намоиш гузошт. ДОИШ то ин замон дар аксар давлатҳое, ки имрӯз онро ҳамчун як нерӯи террористӣ мешуморанд, чун гуруҳи террористӣ шинохта намешуд. Ҳол он ки Амрико гуруҳи мазкурро як сол баъд аз ҷудо шудани он аз баданаи “ал-Қоида”, соли 2007 ба рӯйхати гуруҳҳои террористӣ шомил карда буд. Вале дар давоми ин муддат на танҳо ДОИШ аз байн бурда нашуд, балки бедодгариҳое, ки ин гуруҳи террористии мухарриб дар Сурия ва Ироқ аз баҳори соли 2013 анҷом дод, шояд барои садҳо матлаб мавод бошанд. Ин гуна амалҳо сабаб гаштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин гуруҳ муттаҳид шаванд ва Амрикову Русия эътилофҳои худро барои мубориза бо ДОИШ созмон диҳанд. Вале ҷараёни рақобатҳои ин ду абарқудрат нишон дод, ки асли матлаби онҳо дар ҳадафи геостратегияшон нуҳуфтааст. Зеро тақрибан 20 рӯз пас аз тавофуқи Амрико ва Русия мақомоти вилояти Ғазнии Афғонистон аз фаъол шудани ДОИШ дар ин вилояти Афғонистон хабар доданд.

Чаро Русия ҳушдор медиҳад?Аслан расо як сол қабл радду бадалҳое ҷиҳати пойгоҳ кардани ДОИШ дар Афғонистон сурат мегирифтанд. Дар ин замина, ҳарчанд таҳлилгарони афғон ба ин назар буданд, ки саркардаҳои ДОИШ дар Афғонистон собиқ маҳбусини Гуантанамо мебошанд, вале пайдоиши ин гурӯҳи террористӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар ҳадди шакку гумон буд. Имрӯз бошад, аз тақвият ёфтани ДОИШ дар Афғонистон мақомоти расмии ин кишвар ҳушдор доданд. Ин ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои Амрико ва НАТО як сол қабл ба “мубориза" ба истиҳол аз ин кишвар берун рафтанд. Бинобар ин бояд ба ин натиҷа расид, ки ДОИШ Толибон нест, танҳо ба Афғонистон рабт надорад, нерӯи дохилиафғонӣ ҳам нест, балки стратегияи ин гурӯҳи террористӣ 100 фисад аз аҳдофи роҳбурдии Толибон фарқ дорад. Агар ҳадафи Толибон танҳо сари қудрат омадан дар Афғонистон буд, аммо Халифа Бағдодӣ як сол қабл Хуросонро дар “харита”-и “давлаташ” ҳамроҳ карда буд, ки Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва қисмате аз Эронро дар бар мегирад.

Маҳз ҳамин гуна як нақша Русияро нигарон кардааст. Зеро Русия чун стратегҳои Амрико медонад, ки дар ҳоли рахнаи шудани марҳзои кишварҳои Осиёи Марказӣ шариконаш ба мушкили ҷиддӣ дучор мешаванд. Давлатмардони тоҷик ҳам ин масъаларо хуб дарк мекунанд. Аз ҷумла чанде қабл дар нишасте таҳи унвони "Нақши геополитикӣ дар низои Афғонистон" Худойбердӣ Холиқназар, стратеги шумораи аввали кишвар гуфта буд, бо назардошти вазъ дар Афғонистон, шароити ҷуғрофии марзи Тоҷикистону Афғонистон контрол кардани гурӯҳҳои ифротӣ “амри муҳол” аст. Дар чунин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст:
- ҳушдорҳои ҷониби Русияро ҷиддӣ бигирад;
- барои ҳалли мушкили муҳочирин дар Русия, аз ҷумла барои эҷоди суҳулат дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани иҷозаи иқомату кор бо Ҳукумати Русия ҷиддӣ гуфтугӯ намояд, агар муваққат ҳам бошад, Русияро итминон диҳад, ки эҷоди суҳулат ҷиҳати зиндагӣ ва фаъолияти муҳоҷирини кории тоҷик ба фоидаи ҳарду кишвар аст;
- нисбати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муҳтотона рафтор намояд;
- молиёт ва низоми онро мутобиқ ба шароити мардум роҳандозӣ намояд;
- дар системаи иқтисодии кишвар бо назардошти вазъ тағйирот ворид кунад;
- ВАО-и давлатиро ба баррасии масоили рӯз ва мушкилоти ҷомеа сафарбар намояд, то аз дарди ҷомеа огоҳ бошад;
- таблиғоти яктарафаро барҳам занад;
- ба душманҷӯӣ дар дохили кишвар хотима диҳад;
- ҷиҳати шарҳу тавзеҳи терроризм аз назари илмӣ бо истифода аз имкони ВАО, хоса телевизион, радио ва интернет талош намояд;
- риояи амалии ҳуқуқи наваскаронро дар қисмҳои низомӣ кафолат диҳад.
Мӯҳр
Бародарон агар хатар вучуд дорад аз марзи Афгонистон ин як балоеву, хатари асосиро ман аз чониби Руссия мебинам. Чанги шахрванди хам бо рохбарии Россия ва Узбекистон сар зада буд. Он вакт хадафи ин 2- кишвар аз марзи Точикистон баровардани техникаю лавозимоти харбии собик Шурави буд, Чунки пас аз пош хурдани хукумати Шурави чи боигарие ки дар кадом чумхури буд, моли он дониста мешуд. Бинобари Россия ва Узбекистон мардумро шур андохта хамма техникаю лавозимотро аз точикистон бароварда, кисме моли Узбак ва кисмате моли рус гашт. Бади ба максадашон ноил шудан боз чангро хотима доданд.Агар дар Ч.Т чи коре ба вукуъ гардад, ин дасти Руссия мебошад. Онхо бо толибон охири соли гузашта сухбат карда буданд. Душманзиёдкунихои хукумати Точикистон дар дохили кишвар, ки таъкиби ХНИТ-у ва такиби чавонон, низ бо дахолати Россия мебошад. Онхо бо чунин кор вазъро ноамн карда моро боз пойбанд ва гуломи худ мекунанд. Бояд Харачотхои армияро зиёд намуда техникаю ярокхо харид ва аскархоро бештар ба машкхои харби сафарбар намуд то малакаи онхо зиёд шавад. Он кадаре ки Ч.Т танк дорад, ман дар танквый баталён дар шурави хизмат кардаам,- як баталиони мо ин микдорро дошт то БМП- ю БТР-ашон. Бо Эрон хамкории харби оиди вучуди хатар шартнома баст,то бастан бо Россия. Аз дигар соха харачотро кам карда ба армия хамрох кунанд. Мисол дар холате ки агентии корупция вучуд дошт, счётный полата чи лозим буд? Барои нигохдории кормандони ин ниход маблаг лозим ку. Точикистон бо гаронию взнинии андозу гумрук 10 нафар сохибкораш боки мондаасту чанд хазор контролкунанда... Озодагон мардак барин бе кайчи чоп кун мехнат карда менависем. Шумо чоп намекунед барои мехнат алам мекунад

ДУСТАМ
ОЁ ХУДАТ ХАМИНА ФАХМИДАЙ“стратегияи Амрико алайҳи Русия ҳатто бояд қисме аз стратегия бузургтари Амрико бошад, зеро бар хилофи ҷанги сард Русия, ҳарчанд худро рақиби геополитикии Иёлоти Муттаҳида шуморад ҳам, рақиби умдаи Амрико нест, аммо возеҳ аст, ки қисме аз стратегияи Русия дар бозгашт ба шеваи Иттиҳоди Шӯравӣ таҷассум меёбад, ки бо нақши пешгирикунанда бозидан ба бештаре аз масоили ҷаҳонӣ, буҳрон ва нуқоти доғ бидуни шинохти масъулият машғул мешавад”.
БАЧАИ ОЧА ГУФТИ МАРДАК, ИНО ДУ РАКИБИ МАСЛИХАТИАНД, КИ ХАМТАРИ НАВСАНДАГОН БЕКОР НАМОНАН.
1-ДАР АВАЛ ХУШДОР ДАР БАЙН МУКОИСА ДАР ОХИР НИГАРОНИ ин худаш чи гуфтани гап?
Черчила наклша хондай( касе мегаш да хами як давари муаян ду хурусу дастгтир кун кушиш мекна наметона бад хардуи хурусора чанг ки медозан мега аку метони ки кадомеша ки мефорат дастгир кни) РУС ва Амрико бозигаронеанд ки дар майдони ракобат аз нуктахои асоси ва ба гуфтаи МАРДАК паника истифода карда ва каламкашонро водор ба навиштани чунин маколахои тулони мекнанд.
Дустам сиёсат дорои рохои пурпечутоб аст ва барои дарки он умрхо лозим.
МАКола хуб аммо савол,,, оё ба бастани дари огул гургон кам мешаванд? оё то ба хол абаркудратхое ки "ҳушдор медиҳанд" хайри кишвареро хостаанд? оё фикр кардаед ки миллати точик дар тули таърих аз хамин маслихатчиён ва хушдордихон зарба хурдааст?
ОЁ вакти он нарасидааст ки аз хар гушаи олам дар канори миллати худ ва давлати худ чамъ шавему дигар инкадар бахонатароши накунем?
оё намешавад ки сар ба сар тан ба куштан дихем то ватнро на ба доишони номард дихем?
русхо дар гами мо нестан СТРАТЕГИЯ дустам барои онхо лозимай

- ба душманҷӯӣ дар дохили кишвар хотима диҳад???
- таблиғоти яктарафаро барҳам занад????
О вакте ки дар дохили кишвар душманчуиро бархам дихад пас чи мемонад аз ин кишвар??Душман хамавакт аз дохил мехохад харакат кард на аз берун, ба монанди хоинони миллат ки зархариди хочагони хоричи гардида буданд ва то хол хастанд.
Нисбати таблиготи яктарафа, инро бояд гуфт, ки таблиги яктарафаи милли ин ба манфиати пешравию амнияти милли кафолат медихад, Камбудихои иктисоди дар тамоми дуньё вучуд дорад на факат дар точикистон, мо пеш аз хама бояд дарка кунем ки мо ки хастем, на мисле ки ана хамсояхои мо бой хастанд мо кашок, ин гуна рафтор ба бехбуди намебарад....

Ман низ чунин фикр дорам

Сайям, 25 сол аст бародар токат карда бо умеди ислох мешавад, гуфта орзу дорем. Ту низ бо суханхо таблиготии баъзе сарватмандон ки бузак бузак намур бахор меояд, сабрро нишон медихи ё Бигзор гадо бошам, Дар хоки ватан бошам. Дар 25-сол ягон бехбудиро надидем, боз чанд соли дигар мехохи интизор шавем? Не бародар бояд чорае фикре, андешае ба вучуд биорем. Киргиз мана боз хукуматашро иваз мекунад.

зариф
Душанбинец-бародари чон охир суханонат дуруст аст лекин пурра не, 25сол мегуйи ягон бехбуди нашудааст ин нодуруст аст бародар. Дар даврони шуърави чи бехбуди буд? факат он ки мардум кор мекард аз ягон чиз танкиси намекашид барои он ки махсулоти хурока аз берун меомад на худи мо истехсол мекардем. Дар ин рузхо Точикистон кишвари мустакил шудааст ва хама проблемахоро бояд худаш хал кунад. Дар даврони шуърави Точикистонро факат барои тиллои сафедаш даркор буд. Дар кишвари мо олиму мутахассисони илми ва техники таер намекардан барои он ки ба онхо мардуми дехкон лозим буд. Ин аст бадбахтии мардуми бечораи мо мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)