Боздошти як зани 39-сола бо гумони дуздии се компютер
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 39-сола хабар дод, ки дар дуздӣ гумонбар мешавад.
Торнамои расмии ин ниҳод менависад, ин зан 7 апрел бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 2 копютери тамғаи “Тошиба” ва 1 копютери тамғаи “Сонӣ”, ки арзиши умумиашон 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, рабудааст.
Манбаъ, ҳамчунин аз боздошти як зани дигар бо иттиҳоми дуздии 15000 сомонӣ иттилоъ медиҳад. Ин зан 20 сол дошта, ин маблағро 26 марти соли 2016 аз манзили як сокини Душанбе рабудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |