Убайдуллоев ба сафири ИМА: Э.Раҳмон дар сиёсати дарҳои боз собитқадаманд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 7 апрел, дар мулоқот бо Элизабет Инга Миллард, сафири Амрико дар Душанбе хостори густариши ҳамкориҳо шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев зимни мулоқот таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Амрико ҳавасманд буда, барои густариши он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст. Раиси Маҷлиси Миллӣ бо зикри муҳимияти ҳамкорӣ бо Амрико афзудааст, ки “Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар сиёсати дарҳои кушодро самти афзалиятнок эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода собитқадаманд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев инчунин масъалаи таъсиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Конгресси Амрикоро ба миён гузошта, хостори мусоидат барои амалишавии ин иқдом шудааст.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар навбати худ изҳор доштааст, ки дар доираи ваколатҳои хеш барои татбиқи пешниҳодҳои Убайдуллоев мусоидат хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |