Бахшҳо

Дастури Президент барои раҳпаймоиҳои мардумӣ дар ҷашни Ваҳдату Истиқлолият

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8 апрел дар ҷаласаи ҳукумат омодагӣ ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолият, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Хоруғ ва гузоштани санги асоси хатти интиқоли нерӯи барқи CASA-1000-ро ба миён гузошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода, сарвазир ва раиси Кумитаи тадорукот барои тезондани корҳои омодагӣ, анҷом додани корҳои ободонӣ ва иҷрои дигар тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ супоришҳои мушаххас додаст.

Зимни ҷаласа қайд шудааст, ки дар арафаи ҷашни миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 155 муассисаи таълимӣ, 46 иншооти варзишӣ, 8 иншооти соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи энергетика ва 8 иншоот дар соҳаи нақлиёт сохта ба истифода дода мешаванд: “Зикр гардид, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ барои мардуми кишвар дар моҳҳои наздик корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1миллиону 200 ҳазор тонна дар як сол, корхонаи гаҷкардон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар ноҳияи Ҳисор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, марҳилаи дуюми маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин тӯҳфаи арзанда ва сазовор дар рӯзҳои истиқбол аз ин ҷашни муҳими давлатӣ маҳсуб мегардад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Кумитаи тадорукот ва дигар масъулин супориш додааст, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ ва ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии он дар саросари кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд ва онро бояд бо ташкили раҳпаймоиҳои мардумӣ дар сатҳи баланд гузаронанд.
Мӯҳр
Мактаби дехаи Варзикандаи нохияи Панчакент кай таъмир мешаваду кай бо компютер таъмин мегардад?

Мактаби дехаи Варзикандаи нохияи Панчакент кай таъмир мешаваду кай бо компютер таъмин мегардад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)