Бахшҳо
09 апр 2016 12:02Тоҷикистон / Сиёсат

Гуруҳе аз занҳои рустои Қалъаи нав ба мулоқоти вазири дохилӣ омадаанд

Як гуруҳ аз занони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун барои мулоқот бо вазири умури дохилии Тоҷикистон назди ин ниҳод омадаанд. Онҳо мегӯянд, ҳадафашон фаҳмидани сабаби боздошти фарзандону пайвандонашон аст.

Хосият Олимова, як сокини ин русто имрӯз, 9 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз рӯзи гузашта дар назди бинои вазорат ҳастанд, аммо ба онҳо гуфтаанд, Рамазон Раҳимзода дар маҳалли кораш қарор надорад ва рӯзи 10 май бо онҳо мулоқот мекунад: “Ҳоло модару ҳамсари духтури деҳаамон дар назди муовини вазири корҳои дохилӣ қарор доранд”.

Хонум Олимова мегӯяд, теъдоди сокиноне, ки барои мулоқот омадаанд, бештар аз 10 нафарро ташкил медиҳад. Дархости мулоқот бо Рамазон Раҳимзода аз сӯи ин занҳо дар ҳолест, ки бино ба иттилои дарёфтӣ вазир 10 март чанде аз онҳоро ба ҳузур пазируфт. Ҳуринисо Салимова, як бошандаи ин деҳа 14 март ба “Озодагон” гуфта буд: “Ба мо занг зада пурсиданд, ки модарон чанд нафар ҳастед? Ман ва даҳ нафар аз модаронро вазир ба назди худ даъват кард. Дар он ҷо фаҳмидам, ки писарам ҳамроҳи писари хоҳарам бо ким-кадом салафӣ салом кардааст, барои ҳамин боздошташон кардаанд. Ман гуфтам писари ман давоми даҳ моҳ набуд, ҳамагӣ шаш рӯз шуд аз Русия омадааст”.

Боздошти даҳҳо нафар аз сокинони рустои Қалъаи нав аввалҳои моҳи март сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд. Миёни дастгиршудаҳо пизишк ва имом-хатиби масҷиди деҳа низ ҳастанд.
Мӯҳр
Мухочир
Модарони азиз эхтиет шавад боз худатонро хам набаранд мазкам кунанд! Дигар ягон майда бовари нест

Пурдил
Ба кормандони ОЗОДАГОН рахмат, ки хамрохи кормандони Озоди дарди дили чунин модарону чабрдидагонро мешунаванду чоп мекунанд! Дигар хабаргузорихои мустакилро чи вабо зада бошад, ки хомушанд! Ин гуна холатхоро аз хама бештар бояд расонахои мустакил пайгири кунанду ба гуши хукумат расонанд, ки саф-саф боздошти чавонон бо бахонаи ифротгарои дар асл намозхони бузургтарин хатарро барои оромии ояндаи чомеа дорад! Чун бо ин рох хукумат чавононро душмани худ месозаду халос!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)