Бахшҳо
11 апр 2016 11:11Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳукумат: 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил шавад!

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров аз ташкили иди нав-Рӯзи Президент ҷонибдорӣ кардааст.

Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 2-и қонуни «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод гардидаст, 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Манбаъ афзуд, тағйироти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудаст: “Лоиҳаи Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст”.

Масъалаи мазкур ба ҷаласаи рӯзи 15 апрели Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ пешниҳод шудаст.

Қаблан Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки дар лоиҳа иди нав ҳамчун Рӯзи Президент пешниҳод шудааст: “Аммо беҳтар аст, ки ин сана ҳамчун Рӯзи Пешво эълон карда шавад, зеро Президент дар ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дар Академияи илмҳо низ ҳаст. Аммо Пешвои Миллат як нафар аст”.
Мӯҳр
Беҳтарин пешниҳод.
Аввал бояд аз аввалин Президенти Тоҷикистон Маҳкамов қадрдонӣ кард.
Баъд, муҷассамаи Раҳмон Набиев - Президенти дувуми Тоҷикистонро сохт.
Рӯзи Пешво, ки шуд, ташаббус не, лаганбардорӣ дар пеши Пешвои имрӯза аст.

ном
Албата ин коро бояд барвакт мекарден......

Комил
Рузи обеди Президент
Рузи завтраки президент
Рузи азхобдерхезии президент...
Ба фикратон хамин корхотон ба Президент мефорад??
Бас будагист косабардори!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)