Бахшҳо
12 апр 2016 17:27Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷоизаи Осимӣ ба генерал Раҳимзода, муаллифи фанни нав ва 100 асари илмӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 12 апрел дар Рӯзи касбии олимони кишвар барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Манбаъ мегӯяд, Раҳимзода узви ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ гардида, дипломи ин ниҳодро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон зимни ҳамоиш дар Душанбе ба Раҳимзода супорид.

Рамазон Раҳимзода, ки ташаббускори ҷорӣ намудани фанни нави фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» , барномаи дарсӣ ва тестҳо аз ин фан мебошад, дар ҳузури олимони тоҷик таъкид кардааст: “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, мо кӯшиш кардем, дар ин самт хеле дигаргуниҳо ворид намуда, китоби «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» иборат аз 3 қисм, якчанд барномаҳо, дастурамалҳо ва дигар рисолаҳоро пешниҳод намоем”.

Фарҳод Раҳимӣ зимни баромадаш изҳор доштааст, ки Раҳимзода дар оғоз ва пажуҳиши ин соҳа қарор доранд ва маҳз бо заҳмати ӯ ва кормандонашон тинҷию амонии кишвар таъмин мебошад.
Мӯҳр
Худам
Ман як ду баромади чаноби вазирро бо забони руси дидам ва шармам омад, ки давомашро гуш кунам ва хулоса кардам, ки бо ин забон сухан гуфтан яктараф, хато дуруст мутолиа карда наметавонад!
Ин чихел ба ин чоиза сарфароз гашта бошад?
Чунин чоизахо барои нафароне бошад, ки дар хакикат хидмат ба иму фарханг гузошта бошанд ва рухи устод Осими аз чунин ношафофи наранчад!

мехмон
[b]Худам[/b Китобу асархои илмиро бо точики навиштаст на бо руси.

у
Боз як чоиза барои чори намудани методи "хафт экспертиза" дода шавад.

Чамшед
Низомихо кори худро монда ба иншонависи машгуланд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)