Сониҳаи нақлиётӣ дар километри 32-юми роҳи Турсунзода -Душанбе мунҷар ба марги як нафар гардид.
Тавре аз маркази матбуотии РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, тахминан соати 11:30 ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Абдулвосит Ҳайдарови 20- сола аснои ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба ҷониби шаҳри Душанбе дар километри 32-юми роҳ мошинро идора карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай старекс», ки таҳти идораи ронанда Ҳикматулло Бобоеви 30- сола ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, мусофири тамғаи «Опел-Астра» марди шахсияташ номаълум тақрибан 30-35 сола дар маҳалли ба ҳалокат мерасад.Мусофири дигари автомашинаи мазкур Парвина Раҳмоноваи 20-сола ва Зайниддин Саидови 36-сола ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, ба беморхона интиқол ёфтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр