Бахшҳо

Тифлеро, ки модараш аз ӯ рӯ гардонд, Шукрона ном гузоштаанд (АКС)

Табибони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб баъди чор моҳи парастории тифле, ки модараш аз ӯ рӯй гардондааст, вайро ба хонаи бепарасторон супурдаанд.

Ҳалима Гадоева, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфт, модари ин тифл баъди ду рӯзи ба дунё омадани кӯдак дар моҳи декабри соли сипаришуда, фирор кард: “Сабаби ин амалашро мо намедонем. Фикр кардем, ки шояд пушаймон шуда гашта меояд, аммо барнагашт”.

Хонум Гадоева мегӯяд, баъди фирори модар ҳолати кӯдак бад шуда, садои гиряи ӯ шунида намешуд: “Бо талошҳои табибон баъди ду моҳ дигарбора вазъи тифл хуб шуд. Ҳамаи кормандондони беморхона ба ӯ одат карданд. Ҳатто мо ба ӯ Шукрона ном гузоштем. Вақте ки баъди чор моҳ Шукронаро ба хонаи кӯдакон супурдем, ҳамаи кормандон гиря карданд”.

Ба иттилои сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб Шукрона ягона тифле нест, ки модараш аз ӯ рӯй гардондааст. Ҳалима Гадоева мегӯяд, дар моҳи декабри соли гузашта якбора панҷ модар аз тифлҳои худ бо сабабҳои номаълум ё ночизе даст кашидаанд.


Тифлеро, ки модараш аз ӯ рӯ гардонд, Шукрона ном гузоштаанд (АКС)

Тифлеро, ки модараш аз ӯ рӯ гардонд, Шукрона ном гузоштаанд (АКС)
Мӯҳр
Аз он ки занхо хангоми таваллуд ва баъди он касд ба чони тифл мекунанд, ба фикри ман дар зоишгох таваллуд карда, баъдан аз он даст кашанд бехтар аст. Зеро дар чунин холат ба чони тифл хатар тахдид нахохад кард ва у тахти назорати духтурон карор гирифта, ба парасторхона фиристода мешавад.
Барои он ки дар оянда ходисахои нобуд кардани тифл такрор нашавад, онхоеро ки дар зоишгох таваллуд карда аз тифл даст мекашанд, мо бояд аз таъкиб озод кунем. Чунин амал дар хама кишвархои пешрафта ба назар мерасад.

Гунг
Худо товба кардам.Дар Россия чунин амалхоро дидем.Мегуфтем,ки занхову духтарони рус хамин хел мекунанд,албатта хамааш не,шояд аз 1000-зан,2-3нафар бошад..Кулоби бо таблу доира,Кулоби бо "Фалак",Кулоби бо ору номус,бо нангу сарбаландии мардумаш,вох хасрато чи шуд?.Ин духтарону чавонзанхо ащ кихо таваллуд мекунанд?Майлаш,демократия мегуем,озоди мегуем,охир аз хама чизи мукаддас,мукаддас аз дину оин,фахру номуси махалливу миллии худро бояд пос дорем.Охир онхо агар аз шавхарони худ зоида бошанд,ин чиноят аст,айб аст.Аз чойгахи мардони беникоху фохиш сар зада бошад,ин шармандаги,пасттарину нанговартарин амал аст.Чаро ба ин амалхо рох медихем?Аккалан рузноманигорони боэхтиром,талаб созед,ки тифл аз кихо аст?.Хеч гап не,масалан айен шавад,ки Каьдагул Ваьдагулова аз марди даюсе,ки ному фамилияш Гунг Карович Шайтов зоидааст.То ин,ки чамьият ба пурраги донад,ки тифл чи гуна ба дуне омадааст.
Хеч боварам намеояд!

ном
сабаби партофтанашон дар он аст ки намехоханд духтари катттта набуданашон ошкор нашавад.

Гунг
Духтараки хильати сафедпушидаи тифл ба даст,дар сурати аввал,хусну чамолаш ба чахон меарзад.
Агар бемор бошам,эй париру,
Туро бинам,надонам дард кучо шуд.
Зебогии миллат,миллатро машхури чахон месозад.Аз дидораш гунг будам,гуе шудам,офарин!

Фирдавс
Чашмам зи фирок дам ба дам мегиряд Аз фарки сарам то ба кадам мегиряд. Худочон бар шумо сабру токат дихад эй хохарам

Гунги тутала.
Мадина,
Хеч гох!Мо миллати ачдоди,миллати точдор,ба ору номус,миллати дину оиндор,фархангдор наход ба ин пасти равем?Аллагуии модарон фаромуш шуд,шармруиву гармруии духтарони миллат хунук шуд,нозу карашмаи духтарони парищоди миллатам хоки шуд,боз магар ин розро пеш мегирем?Яьне Фариштамох ту агар зоиди,писарча е духтарча,каме мушкилиро хис карлди,тифлакро дар "роддом" гузор!"Не,не,харгиз,из,чодару арусии дузтарони миллатам пойдор бод!Гавзораи ачдодидиву тифли хоби у,аллазои модарон щинда бод!Вакти он расидааст,ки конкурсхои "аллагуиву аллазони"ро ба миен оранд.Ба модарони чавон тухфахои калон диханд.Хеч гох фикри сагир кардани тифлро накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)