Бахшҳо
14 апр 2016 16:34Тоҷикистон / Сиёсат

Пешниҳод аз Душанбе барои сулҳ дар Афғонистон: Пешво ёбед

Сайф САФАР

Саидхоҷа Акбаров, муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, Афғонистон дар роҳи расидан ба сулҳ ба интихоби як пешвои оқил ниёз дорад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14 апрел дар як гуфтугӯи маҷозии (интернетӣ) намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистону Афғонистон иброз дошт. Ин гуфтугӯ бо ҳадафи татбиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Афғонистон аз ҷониби дафтарҳои “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ”-и ду кишвар баргузор шуд.

Саидхоҷа Акбаров дар баҳси омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷумла таъкид кард: “Аввалан интихоб намудани пешво, сарвар, яъне президенти оқилу доное зарур мебошад, ки тавонад кулли тарафҳоро ба худ ҷалб кунад. Инро таҷрибаи ҳаёт дар симои пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод”.

Ҷаноби Акбаров ба интихоби президентии соли гузаштаи Афғонистон ишора карда гуфт, “мо дида истодаем, ки дар Афғонистон чӣ гуна тақаллубҳо ва дахолатҳои беруна сурат гирифтанд. Тариқи расонаҳо ба назар мерасад, ки байни ҳукумати мусолиҳаи миллӣ баъзе масъалаҳо пурра ҳалли худро наёфтаанд”.

Ин масъули раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон интихоби вакилони арзандаро яке аз роҳҳои даст ёфтан ба сулҳ унвон кард ва ба ҷониби Афғонистон тавсия дод, ки “вақти интихоботи парлумонӣ бояд мардуми афғон шахсиятҳо ва олимони барҷастаро ба ҳайати парлумон интихоб намоянд, ки онҳо барои тақдири имрӯз ва ояндаи Афғонистон саҳми худро гузошта тавонанд”.

Аммо, Иброҳим Усмонов, таърихшиноси тоҷик ва яке аз дастандаркорони сулҳи тоҷикон дар ин гуфтугӯ таъкид кард, таҷрибаи сулҳи имрӯзаи Тоҷикистон дар Афғонистон такмил мехоҳад: “Ҳанӯз муколамаи тарафҳои даргири Афғонистон ба амал наомадааст. Ҳарчанд дар Олмон мулоқоти ҷиддӣ сурат гирифт. Вале, дар дохили кишвар қудуратҳо зиёданд. Ҳанӯз мардуме, ки аз натиҷаи сулҳ розӣ нестанд, зиёданд ва ин дар воқеаҳое, ки тақрибан ҳар моҳ як бору ду бор дар Афғонистон ба амал меояд, зуҳур мешавад”.

Профессор Усмонов, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон борҳо раиси зеркумиссиюн аз ҷониби ҳукумат буд, ба намояндагони ҷомеаи мадании Афғонистон гуфт, ки бояд имкони муколамаи раҳбарони қавмҳо ва миллиятҳои ин кишвар фароҳам шавад. Ӯ инчунин ба баргузории муколамаи роҳбарони ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ишора кард ва аз қавли қаҳрамони милли Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт: “Ман як бор аз забони Аҳмадшоҳ Масъуд шунида будам, ки мегуфт, “барои мардуми Афғонистони имрӯза падар, модар, фарзад, хушӣ ва мотам ҳам Калашников аст”.

Ба гуфтаи Усмонов мардуми Афғонистон бояд ба ҳам бидуни Калашников назар кунанд ва барои ин пеш аз ҳама музокироти ҳамаи нерӯҳо зарур аст.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси минтақавӣ дар ин нишаст изҳор дошт, аз бархе ҷанбаҳои сулҳи Тоҷикистонро мешавад дар Афғонистон истифода кард. Ба гуфтаи ӯ баҳси буҳрони Тоҷикистон баҳси дарунқавмӣ буд ва нухбагони сиёсии Тоҷикистон дар баробари ҳамдигар гузашт ва ин мушкилро ҳал карданд. Оқои Бекмуҳаммад ин мавзӯъро дар Афғонистон як миқдор печида мебинад: “Ҳам аз назари таркиби дохилӣ ва хориҷӣ фарқ мекунад. Дар масъалаи ҷанги Тоҷикистон бозигарони муҳими геополитиқӣ манофеи ҳамсӯ доштанд, ки манзури ман қабл аз ҳама Русия ва Эрон аст. Ин буд, ки раванди сулҳи Тоҷикистон зудтар ба натиҷа расид”.

Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад вазъияти Афғонистон чунин нест ва бозигарони геополитикӣ дар онҷо манофеи комилан мутаззод доранд.
Мӯҳр
Тахлилгар
Ачиб. Зохиран бахс миёни коршиносони точику афгон. Аммо нуктаи назари ягон афгон нест. Чаро?

Мардуми Афгонистон Мисли мардуми Точикистон потхалиму тарсончак нест. Ин сулхе, ки дар Точикистон шуд, дар дигар минтака гайри Точикистон ба кор намеравад. Тасавур кунед, ки дар Афгонистон мисли Точикистон сулх кардану чой таксим кардану бад хамаша охистакак дошта ё куштану ё ба макама кашидану ё бадарга карданд. Милати Афгон тули асрхо чангидааст ва сар нафаровардааст ба хеч кас...

Намедонам аз ин гуфтахо бихандам ё бигирям. Сулх кадом сулх ? Сулхе ки чониби дигари онро дидан накардеду билохира бадаргаашон намудед ин аст натичаи сулхе ки шуд.
Хуб медонам ки озодагон чоп намекунаду дигар худу чиликхоямро ташвиш намедихам, вагар на чавиштанихо зиёданд.

Маҳмуд
аҷаб беизор почакандара хандидаст!!!
магар Ашраф Ғани оқил нест яъне девона аст? додо нест яъне нодоу бесавод аст?
тақалуб дидед дар Афғонистон ???!!!
каме фикр кунед баъд гап занед ҷумлаҳоятонро қабл аз ба забон овардан дар дохили калаатон каме бичархонед

ШАХИД
АЧАБО!!!!!!!!! ИН ХАМОН ОДАМОН ВА АНДЕШМАНДОНИ МАЪРУФИ ТОЧИКИСТОНАНД,КИ МАН АКСХОЯШОНРО МЕБИНАМ???????????????????????????ЗИЁИЁНИ ТОЧИКРО БА ЧОЕ РАСИДААСТ КОР.................... ГАЙР АЗ ХАНДА КОРИ ДИГАРЕ НАМЕТОНАМ БИКУНАМММ..... МУТААССИФАМ АЗ ИН ГУНА ИЗХОРИ НАЗАРХО ВОКЕАН МУТААССИФАМ ))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))

))))))))))))))))))))))))))))))))))))

форс
ОFОИ РАХМОН ЧАНОБИ ОЛИ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ , КАХРАМОНИ МИЛЛАТ хакки ба Афгонистон рафта пешво шуданро дорад ! Бигузор рафта ба бародарони хамзабону хамдину хаммазхаб сулх биёраду тенч кунад ин ватани чангзадаро ! Хизмати бародари муъминро кардан хам фарз хасту хам суннат. Муъмин бародари муъмин гуфтаанд!!!
Тачрибаи зиёд доранд ва якчанд китоб дар борои ягонаги ва хамдилии миллат навиштаанд. Ва ин китобхоро бе тарчума авгонхо метавонанд хонанд.

мммммммммм... дастархоншона бинан......... Ба фикрам чарида, чарида сухбат доран

Сулхи Точикон вокеан хам даставораде буд ки метавонист онро ба кишваръои чангзада пешниход намуд ,аммммммоооооо афсус ки он сулх танхо руи когаз монду халос мухтавову арзишхои он сулх зери по шуд, чонибе касамзадаву чониби дигар бадарга шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)