Бахшҳо

Баҳси ишғоли курсии раиси як ҷамоат дар ноҳияи Восеъ

Ба мақоми раиси ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ пешниҳод шудани мудири пешини маорифи ноҳия бархе аз сокинони ҷамоатро нигарон кардааст. Онҳо мегӯяд, Давлат Шарифовро, ки 5 сол қабл додгоҳ дар аз худ кардани маблағ муҷрим шинохт, набояд дар чунин симмате фаъолият намояд.

Чанд тан аз сокинони ҷамоати Тугараки Восеъ ба “Озодагон” тамос гирифта, гуфтанд, чӣ гуна як нафаре, ки доғи судӣ дорад, дар чунин вазифаи пурмасъулият кор мекунад? Аммо худи Давлат Шарифов дар як суҳбати телефонӣ гуфт, ҳоло доғи судӣ надорад. Ба қавли ӯ, замони мудири маорифи ноҳияи Восеъ буданаш бар асоси моддаи 245, қисми 4-и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум гаридида буд: “Дилхоҳ одам дар ҳаёт шояд гуноҳе содир мекунад ё ба касе ҳамроҳ мешавад, лекин имрӯз ман доғи судӣ надорам”.

Оқои Шарипов афзуд, қарори додгоҳ бидуни маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян ва фаъолияти молиявию иқтисодӣ содир шуда, бо пардохти 3500 сомонӣ ба сифати ҷарима раҳо гардид: “Соли 2012 ба суд барои бардоштани доғи судӣ ариза пешниҳод кардам, суд аризаро баррасӣ карда, дар асоси қонуни афв доғи судиро бардошт. Ҳама ниҳодҳо аз ин хабардоранд”.

Ӯ мегӯяд, 2,5 сол қабл дар асоси озмун мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи ноҳия таъин гардид ва ҳоло ба вазифаи навбатӣ – раиси ҷамоат, таъин нашудааст. Ба таъкиди вай, номашро барои ишғоли вазифаи раисии ҷамоат раҳбари мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ пешниҳод кардааст ва ҳанӯз вакилони маҳалла ин масъаларо баррасӣ накардаанд.

Давлат Шарифов дар идома гуфт, дар қазияе, ки ба додгоҳ рафт, танҳо набуд ва 8 тан аз мансабдорони ноҳияи Восеъ низ буданд, ки имрӯз дар вазифаҳои раҳбарикунанда фаъолият доранд: “Аз ҷумла Ҷафаров, сардори раёсати молияи ноҳия, Давлатов Давлатмурод, сардори Агентии беҳдошти замин, Раҳмонов Искандар, раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия, аудити минтақа, тендери минтақа, ҳама ҳаминҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор карда истодааст, ки нисбати онҳо низ ҷазо татбиқ шуда буд. Ҳамроҳи ман буданд ва имрӯз фаъолит карда истодаанд”.
Мӯҳр
Нобино
Мувоффики конун чунин ашхосро дар вазифахои рохбарикунанда таьин кардан дуруст нест дустам.

Гунг
Солхои 30-уми асри гузашта ному фамилияхо бо талаффузи "уф","юфф" пайдо шуданд.Хукумати Совети ба мардуми точик хам таькид кард,ки носу насабу фамилияхо совети бошанл,Яьне Назаров Нозир, е Камолов Чамол ва гайра.Мардум чунин одамоем каму беш саводуноку затнависпхро "уф" хо мегуфтанд.Як раиси нозия,ба раиси чамоат таздид мекардааст,ки ман туро Разимуф кардаам,Разимуф,фазмиди?.Баьди чанде Разимуфпо ащ раиси мкгиранд.У мудмри амборм зрчагии колзрщ мешавал.Паиси колзоз боз мегуяд ьа у эзтмеи шав Рахимуф,ки уф атро мегирам.Як руз Рахимов бо раиси колзоз чанчолро меьардорад,раиси колзощ уро аз кор озод мекунад,акеун ту Карим бачаи Разим гули,тамом,ту уф не дигап.Собик Рахимуф вщ казп,музри пустии раис ва рангдонм равгании рузи мизашпо гирифта ба дазонаш бурда хоила мепартояду :"Акнун на мае Разимуфу еа ту Салимуф гуфиа бапомала мепавад.Раиси чамоат бояд щани маьоумоидор шавал,еа мапд.Вокеан вакти он омадааст ки мавчудиятм чамоаизоро ьарзас дизаел.Идораи чамоатзо зеч дигар лозим нксианл.Комиикии ичроияро ащ нав лар еазли раисонм зукуматзои еозиязр баркарор уаплан орщим!

AAA
ОЗОДАГОН ТУ САВОД Е АКЛ НАДОРИ, КИ КОММЕНТИ ГУНГРО ЧОП КАРДИ??? ХУДАТ ЯК БОР ХАМОН КОММЕНТА ХОН ЧИ МАЪНО ДОРАД???

КОММЕНТОИ БОМАЪНИРО АЗ ТАРСИ ЧОНАТ ЧОП НАМЕКУНИЮ.....

ОЗОД БОШ!!!

гуе
Эйййй гунги бино....ин чи шархнависи!!!!Намедонам ин забони нави точикист??!!бехуда вактамро сарф кардам.гунг ба ин ту гунахгор!!!

Гунг
гуе,
гуе,
гуе,
Узру бахшиши бисер,маьзур доред манро хонандагони гироми!"Озодагон",аз хайати эчоди бахшиш мупурсам.О раисони солхои сиюми асри гузашта,аз як порча пусти барраи навзод,рангдон доштаанду,аз як чуби андозааш ба пиези гирд буридаи тарошида,мисли донаи шохмот мухр доштаанд..Яьне боз каме пусти тоза кардаи гусфандро ба гирди хамон гирдаи чубин кашида,бо дарафш гирди онро сурох карда менавиштаанд:"Колхози Стаханов.Раис Салимов",тамом.Ин мухр хисоб мехурд, роли штампро ангушти аввали рости кафи дасти раисмебозид.Раис ин ангуштро ба рангдони равганолуд олуда карда,дар зери хуччатхо "имзо" мекард,яьне пахш мекард.
Дуруст эрод гирифтед,бехурмати кардам,узр мепурсам.Лекин харфхо рости гап манро ба хичолат оварданд..Харфхо омехта мешаванд.Тутала,мисли худам..
Туталагии ман боиси саросемагиам хаст.Як вактхо,дар шахри Кулоб,як духтари нихоят зеборо вохурдам.Хостам таьрифи хусну чамолашро созам.Сабил монад туталаги..Ддухтари ззззебо чччи ннном ддори ,пурсидам,чавоб дод,ки ччччи кккор дддори ,дар забони туталат бод,гуфт у..Аз чавониам тутала мондам.Садкаи ззззабони шшшумо шшшавам ддддустон,ббба дддил нннагиред,эх тттуттталааги!

AAA,
Охир вай бар хол худро "Гунг" муаррифи кардааст.Ту боши зудро "Аааа",хело саволомез.Саводноки металабиву худ масхарабози дори!Шарт аст,еки хама хонандагони "Озодагон" профессору олим бошанд?Инро интернет мегуянд,суханхои интернети.Пас ту ки хасти "Аааа"?

Дарёфти Хакикат
дар Маориф мудирпулиро чори намуда буди оё дар курсии раиси чамоати раиспулиро чори кардании? Терминхои худатро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)