Дарёфти ҷасади сокини 28-солаи Душанбе дар ҷангали Зуево
Сироҷиддин Исмоилов, як муҳоҷири 28-солаи тоҷик аз шаҳри Душанбе, ки 26 декабри соли 2015 дар шаҳри Маскав гум шуда буд, кушта шудааст.
Тавре ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” аз қавли наздикони Исмоилов итилоъ дод, ҷасади марҳум дар ҷангали Орехо Зуеви вилояти Маскав дарёфт шуда, 15-уми апрел ҳамсар ва бародараш барои шиносоии ӯ рафтаанд: “Ҷасади ин муҳоҷири тоҷик осори зиёди захмҳои корд ва иззи буғӣ карданро доштааст”.
Исмоилови 28-сола, ҳамроҳи ҳамсараш Ҷамила, ки зодаи Доғистон мебошад, дар минтақаи Вахинои Маскав иҷоранишин будаанд. Ӯ бо автомашинаи худ тамғаи “МАЗДА-3”, ки аз бонк ба номи ҳамсараш гирифта шудааст, ба мусофирбарӣ машғул будааст ва тақрибан соати 22:00-и шаби 26 декабри соли 2015 нопадид гардидаст.
Ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ҳушдор додааст, ки фаъолияти “таксиронӣ” дар Русия аз ҷумлаи корҳои хатарнок буда, ҳамватанонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |