Бахшҳо
18 апр 2016 11:33Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳроб Шарифов муваффақияту маҳбубияте ки дошт, бар пояи хушомад ё чоплусӣ ба даст наоварда буд

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Одамон барои он мемиранд, ки инсонвор зиндагӣ кунанд
Белинский.


Имрӯз рӯзи таваллуди яке аз пояҳои ҷомеаи муосири фикрии Тоҷикистон Суҳроб Шарифов мебошад ва агар дар моҳи январи соли гузашта марги мармӯз ва бармаҳал эшонро аз мо намегирифт, ба 53 медаромаданд. Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта кори хайре кард, ки яке аз кӯчаҳои Душанберо ба номи ин абарди тоҷик гузошт.

Соли 2013 дар ростои 50-солагии эшон матлабаки мухтасаре навишта будам ва имрӯз бо ёдкард ва баррасиҳои баъдимаргии Суҳроб Шарифов дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ин натиҷа расидам, ки ҷомеаи мо дар ин шабу рӯзҳо чӣ қадар ба Суҳроб Шарифов ниёзманд мебошад. Воқеан, имрӯз ҷойи устод дар маҳофили сиёсиву коршиносӣ ва ҳукумати мо холӣ аст. Бо баҳонаи зодрӯзи устод чанд нигаришҳое ба шахсияти ӯ кардам ва албатта ин чанд ҷумла пеши шаҳомати пуршахсияти эшон чизе нестанд, вале ёду гиромидошти бузургоне чун Суҳроб Шарифов қарзи шаҳрвандии мову ҷомеаву ҳукумати мост.

Бо марги зудҳангоми Суҳроб Шарифов ҷомеаи фикрии Тоҷикистон садамаи бузурге дид. Устод дар замоне моро тарк карданд, ки ба ӯ сахт ниёз доштем. Ин ки то имрӯз ҳама дар сӯги ӯ нишастаанд, далели то чӣ андоза шахсияти миллӣ буданашонро ба намоиш мегузорад. Устод дар зиндагӣ бар мабнои ин фармудаи Эйнштейн -- “ман муносибат ба маргро, мисли як қарзи куҳан, ки дер ё зуд бипардозӣ, омӯхта будам”, амал карданд. Бо гузаштани як сол аз марги ин олими тавонои кишвар бо баррасиҳое, ки атрофи шахсият ва донишу кору пайкори эшон сурат гирифтааст, эҳсос мешавад, ки ҷойи эшон барои ҳамеша холист.

Суҳроб Шарифов замоне ки масъулияти раисии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, аз хабарсозтарин мансабдорони кишвар буданд. Ҳамеша изҳороте медоданд, ки бар пояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон буд ва ҳеч гоҳ дар нуқтаназарҳояшон манфиатҳои миллиро қурбони манофеи қудрати сиёсӣ накардаанд. Фаъолияташон ҳам дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ҳам дар порлумон бо як шоистагии миллӣ ва сиёсӣ ҷараён дошт. Устод шахсияти миллӣ буданд. Ба ҳама масъалаҳо, аз зовияи миллӣ менигаристанд ва баҳогузорӣ мекарданд. Намунаи барҷастаи як олим, як мансабдор ва як вакиле буд, ки фақат ва фақат ба манофеи миллӣ бартарӣ медод. Нишастҳои матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии замони раёсати ӯ ба шаби эҷодиаш монанд буд. Фақат ӯ гап мезад. Журналистон ҳам ба ин натиҷа расида буданд, ки танҳо Шарифов бояд ба саволҳояшон посух бигӯяд. Дар суҳбате гуфта буд, ки “барои мо набояд ҳукумат муҳим бошад, танҳо миллат ва давлат бояд муҳим бошад”.

Шахсият ва ҳайсияти эшон чандбуъдӣ буд. Аммо ба назари мо муҳимтарин ҷузъҳои шахсияти устод, ки ӯро барои тамоми доираҳои фикрӣ, илмӣ ва таҳлиливу сиёсӣ мақоми устодӣ дода буд, ба тариқи мухтасар чунин аст: Пеш аз ҳама олими нерӯманд ва таҳлилгари воқеӣ буданд. Суханронӣ ва мусоҳибаҳояшон одамро ба фикр ва мулоҳиза водор мекард ва барои равшан намудани масъалаҳо мадад мерасонд. Бояд бигӯям, ки мо камтар таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ дорем, ки яке аз беҳтаринҳояшон ҷаноби Шарифов буданд;

Аз аксари ходимони давлатӣ фарқ доштанд. Фарқ пеш аз ҳама дар самимияти инсонияш буд. Одами дастрас ва бомулоҳиза буданд. Аз дастрастарин мансабдорон дар даврони раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ буданд ва аз вакилони фаъоли парлумон низ. Агарчи ошкоро намегуфтанд, вале аз сиёсатшиносоне буданд, ки муқобили тамдиди шартномаи будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон буданд ва инро хатар ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишвар медонистанд;

Муҳаббати самимӣ нисбат ба Тоҷикистони соҳибихтиёр доштанд ва дар суханрониву мусоҳибаҳои худ инро нишон медоданд. Алорағми дигар мансабдорони давлатӣ ҳамеша дар мавриди воқеоти сатҳи кишвар назари худро баён мекарданд. Дар мавриди шахсияти президент, хонаводаи президент ва дигар мушкилоти кишвар, ки ба мансабдорони баландмақоми давлат марбут буд, бепарда ҳарф мезананд. Аз ҷумла, нуқтаназари эшон нисбат ба монополияи бозори маводи сӯхти кишвар, ки дар пушти он мансабдорони калидии ҳукумати кишвар панаҳ бурда буданд;

Аз миёни мансабдорони тоҷик нюсмейкер ба ҳисоб мерафт ва аксари суханҳои хабарсози эшон хусусияти мусбат дошт ва набзи ҷомеаро нишон медод. Дар мавриди Стратегияи миллатсозиву давлатдорӣ гуфта буданд, ки “ҳарчанд характери идеологӣ доштани давлати моро Сарқонун иҷозат намедиҳад, вале бояд чунин як барномаи миллатсозиро таҳия ва бипазирем”. Ҳамин ҷаноби Шарифов буданд, ки дар давраи раёсатшон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ чанд конфронсу як китобро чун корҳои муқаддамотӣ барои таҳияи ҳамин гуна барнома роҳбарӣ намуданд;

Яке аз вакилони фаъоли парлумон ба ҳисоб мерафтанд, ки дар қатори ду-се вакили дигар фаъолона дар баррасии қонунҳо иштирок мекард. Аз вакилоне буданд, ки мансабдорон ҳангоми муҳокимаҳои парлумонӣ ва ё муаррифии лоиҳаву қонунҳо ба саволҳояшон ҷавоб дода наметавонистанд;

Ҳар он чи муваффақият ва маҳбубияте, ки Суҳроб Шарифов дошт бар пояи мансаб, хушомад ва ё чоплусӣ ба даст наоварда буд. Шахсияташро бар пояи дониши қавӣ сохта буд. Ҳамчун коршинос ва таҳлилгари сиёсии як қатор созмонҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо донишаш аз дигар таҳлилгарон хеле ва хеле пеш буд. Дониш ва ҷаҳонбинии Суҳроб Шарифов навобаста аз системаи сиёсии ҷомеа барои Тоҷикистони ободу саодатманд бисёр арзишманд буд ва мо ин афсӯсро барои ҳамеша мехӯрем, ки эшон дар сатҳҳо ва шароити хубтар ин таҷрибаи камназир ва ҷасорату мавқеи миллияшонро натавонистанд барои истиқлоли фикрии ҳар фарди Тоҷикистон ва манофеи миллӣ истифода бикунанд.

Ҳарчанд ки Суҳроб Шарифов аз мо хеле зуд рафтанд, вале бо шахсияти худ, бо ҷавонмардӣ ва ҷасорати худ, бо дониш ва мавзеъгириҳои ростину намодини худ дар баробари вазъи миллату давлат барои мо як улгуи инсони равшанфикр ва мансабдори замони худ буданро бар ҷой гузоштанд, ки қобили эътироф ба пайравии бечуну чарост.
Ҷойи ин устоди фарзона биҳишт ва хотирааш гиромӣ бод!
Мӯҳр
Садридин
Одамон барои он мемиранд, ки инсонвор зиндагӣ кунанд.
Белинский ин хел нагуфтааст. Вай айнан гуфтааст, ки "люди умирают для того, чтобы жило человечество".

Апанди
Чоплуси раками 1 буд!!!

булаҷаб
Иршод Ако, баъзан вакт чизои безеб навишта монсодеда

Оре дар Точикистон ман мансабдори марди хакикиро надидам.Хама потхалим хастанд. Вагарна бе кор мемонанд.

Аклак
БА ИРШОД СУЛАЙМОНИ «При вечерних чтениях я прочел сестре кое-что из философских сочинений Аристотеля. Честно говоря , я был довольно разочарован; если бы это не было таким темным и путаным, такого рода философия не смогла бы удержаться столь длительное время. Однако большинство людей испытывает как раз священный трепет перед словами, которые они не могут понять, и считают признаком поверхностности автора, если они его легко понимают. Трогательное проявления скромности!» А.Эйнштейн

Шаҳбоз
Суҳроб Шарипов, сиёсатмадоре буданд, ки ҳамеша манфиатҳои миллиро дар ҷойи аввал мегузоштанд! Шахсиятҳо мераванд, вале андешаҳои онҳо, рӯҳи онҳоро зинда нигоҳ медорад ва барои наслҳои оянда хизмат мекунад!

у
Худорахмати танхо хусае буду бас. Хеч кор аз дасташ намеомад. Вазифаи у сохтани имиджи мусбии хукумат буд. Яъне мардумро гумрох намудан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)