Баъди рехтани сирко ба гулӯи тоҷики ҳақталаб: Оғози тафтиши ширкати Заурови доғистонӣ

Баъди рехтани сирко ба гӯлӯи Асрор Усмонзода, муҳоҷири тоҷики ҳақталаб, додситонии Ханти-Мансийск ба тафтиши ширкати корфармояш-“АкСтройКапитал” оғоз кардааст.
Тибқи иттилоияи додститонии Ханти-Мансийск, дар пайи хабари расонаҳо аз қавли муҳоҷири тоҷик, ки роҳбарияти “АкСтройКапитал” қонунгузории меҳнат ва муҳоҷиратро нақз кардааст, ба ин ширкати гуруҳи тафтишотӣ равона гардидааст: “Рафти тафтишот дар зери назорати додситонии ҳавзавӣ қарор дорад”.
Асрор Усмонзода, муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи ҳақталабияш аз роҳбарияти ширкати корфармо мавриди ҳамла қарор гирифтасту ба гулӯяш маҳлули сирко (уксус) ва аммиак рехта шудааст, феълан дар ҳолати вахим дар бемористон бистарӣ мебошад.
Бино ба иттилои Каромат Шарипов, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия”, табибон шонси зинда мондани Асрор Усмонзодаро аз сад як гуфтаанд.
Асрори 23-сола 7 апрел барои гирифтани маоши соли гузаштааш назди роҳбари ширкати “АкСтройКапитал”, шаҳрванди Доғистон меравад. Шаби 8 апрел, тақрибан соати 2-и шаб чанд нафар ба манзиле, ки ӯ зиндагӣ мекард, ворид шуда, ба гулӯяш маҳлуле, ки аз сирко ва аммиак омода шуда буд, мерезанд. Ба иттилои Шарипов, субҳи 9 апрел Асрор ба кӯча мебарояд ва зани ҳамсоя, аҳволи ӯро дида, ёрии таъҷилӣ даъват мекунад: “Ҳоло тағои Асрор дар беморхона ӯро муроқибат мекунад. Ӯ ба мо занг зада хоҳиш кард, ки аз ин ҳодиса Сафорати Тоҷикистон дар Русияро огоҳ намоем”.
Раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия” муътақид аст, ки ин кор бо амри раҳбари ширкати “АкСтройКапитал” ба манзури гурез аз пардохти қарзаш сурат гирифтааст. Каромат Шарипов мегӯяд, ба ҷуз Асрор 19 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ширкати “АкСтройКапитал”, ки ба Ҳайдар Заурови доғистонӣ мутаалиқ аст, кор мекунанд ва беш аз 2 миллион рубли ҳақмузди худро нагирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |