Сардори пулиси Маскав “таксирон”-и тоҷикро мубаллиғи ДИИШ хонд
Анатолий Якунин, сардори пулиси Маскав аз боздошти як ронандаи тоҷикистонӣ дар пойтахти Русия хабар додааст, ки дар ҷалби ҷавонон ба “ДИИШ” айбдор мешавад.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли Якунин хабар доданд, мубаллиғи ДИИШ дар рафти амалиёти мақомот алайҳи мусофирбарҳои ғайриқонунӣ рӯзи 14 апрел боздошт шудааст: “Дар рафти санҷиш муайян шуд, ки ронандаи боздоштшуда барои ҷалби шаҳрвандон ба “ДИИШ” дар кофткоби байналмилалӣ қарор дорад”.
Манбаъ афзудааст, ки феълан амалиёт алайҳи мусофирбарҳои ғайриқонунӣ дар Маскав идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |