Бахшҳо

Сафорат: Эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистонро қабл аз зинда гӯрондан, корд задаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бино ба иттилои дарёфтӣ муҳоҷири 22-солаеро, ки шаби зодрӯзаш дар Волгоград кушта шуд, қабл аз гӯрондан, корд задаанд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, қарор аст, имрӯз, 21 апрел ба манзури муайян кардани сабабҳои аслии фавти ин ҷавони тоҷик ташхиси судӣ анҷом шавад: “Ташхис муайян мекунад, ки Усмоналӣ аз зарби корд ба ҳалокат расидааст ё баъди зинда зери хок кардан”.

Қаблан, ин масъули сафорат хабар дода буд, ки шахсияти ин муҳоҷири тоҷик муайян шудааст: “Ӯ Файзалиев Усмоналӣ Гулмуродович сокини шаҳри Ваҳдат будааст”.

Ба иттилои манбаъ, кормандони сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо муфаттишони қазия мулоқот намуданд.

Хабари зинда зери хок кардани як ҷавони тоҷик 19 апрел расонаӣ шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ин ҳодиса 7 рӯз қабл рӯх додааст. Расонаҳои русӣ, рӯзи сешанбе аз қавли Наталия Кунитская, ёрдамчии калони раҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград навиштанд, дар маврид содир шудани ҷинояти куштор як сокини маҳаллӣ ба мақомот хабар додааст. Ба иттилои ӯ, 12 апрел ҳамроҳи дӯсташ ба манзиле рафт, ки онҷо шаҳрванди Тоҷикистон 22-солагии мавлудашро ҷашн мегирифт. Манбаъ гуфтааст, ки ҷашн то субҳ идома кард ва наздикии субҳ вайро хоб бурдааст: “Вақте субҳ бедор мешавад, мефаҳмад, ки байни соҳибхона ва соҳибҷашн нофаҳмӣ шудааст. Соҳибхона бо ёрии ҳамсояаш шаҳрванди хориҷиро ба таҳхонаи сарой бурда, маҷбур кардаанд, ки ҷуқурӣ биканад. Баъдан, ӯро ба он ҷуқурӣ тела намуда, зинда гӯрондаанд”.

Наталия Кунитская гуфтааст, гуруҳи тафтишотӣ-оперативӣ аз ҷуқурии кандашудаи таҳхона ҷасадро пайдо накардааст: “Тафтишот бар ин аст, ки ҷасади марди кушташударо аз ин ҷо гирифта, ба ҷуқурие, ки дар пушти бино мавҷуд аст, зери хок кардаанд”.

Ёрдамчии калони раҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград мегӯяд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
кунҷкоб
баъд мурдасми ё не?

....и мамлакат, и мардм, э одамо сохиб надоран э....

nabi farhor
Ин худаш чи гапай факат точиконро ба катл мерасонанд.Тафтишоти вай барои мо чи даркорай,пеши рохи ин котилонро бояд гирифт.

Хай аз давлате, ки фикри шахрвандонашро накунад ва оиди шахрвандонаш дар кишвар чорае наандешад пас бегонагон чи ахмият медиханд. Точик дар руссия дар чашми руссхо мисли як гунчишк шудааст. Мекушану мекушан ва гуёки гучишкро мекушанд. Ман ба хукумат чунин мегуям, ки Рузи киёмат аз шумо олимакомон дар баробари намозу руза аз адл пурсиш мекунанд. Он замон чи чавоб хохед дод. Холо бо ин чархи сваркакардаатон даврон кардан гиред. Медонам Озодагон чоп намекуни локин нанависта наметавонам.

Дар такдири мо точикон -азоб мухочират амхели бдай боз меган шукронаи Истиклолият -дар 4шабакаи давлатии точикистон факат таъриф

Худат мухочири димакак намозакота хонда дуо карда хобкуни бехтар не? День рождения очата кайд мекуни? Шояд кати вай кофир 50та 50та гирифта бошад собутилнико маросо накардаги вассалом.магар марди мусалмон день рождун кайд мекунад ранги кофиро?

хитоб ба Душанбенец.
хакикатро шумо гуфтед. бале

Муслим
Ман аз бегонагон харгиз нанолам.

Саид
Ин гапора монеде. Мо бузургтарин парчами дунёро дорем, мо точи Сомонем,мо пешвои миллатро дорем! Аз инхо гуед, Мо....

оббо
Беҳуқуқтарин миллати руи замин тоҷики бечора аст!

Мо дар ватани худмон хамикадар хор гаштаему
Монад ки давлати бегона

Петка
Наби фархор!!!!!!!Бародар нарафти як пеши рохашонро мегирифти..

nabi farhor
Мо дуо мекунем, ки Худованд сари рохи инора гирад.Дигар аз дасти мо банда чизе намеояд.Мансабдорон аз ухдаи мухочирони точик намебароянд,аз мо чи гила.

Рузе нест, касе намирад дар инчо!!! Рузи гузашта 2 кас дар мошин имруз аз дасти кавказихо боз ин зиндабагур!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)