Боздошти ҷавони 22-сола барои ҳамла ба “Агроинвестбонк”-и Данғара
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 22-солаи ноҳияи Данғара хабар дод, ки дар роҳзанӣ ва ҳамла ба бинои “Агроинвестбонк”-и ин ноҳия муттаҳам мешавад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳамла 19-уми апрел, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа рух додаст. Ба иттилои манбаъ ҳамлагар бо зӯроварӣ вориди бинои "Агроинвестбонк" шуда, муҳофизи бино, корманди 36-солаи милисаро бо 17 зарби корд маҷруҳ намудааст: "Дар пайи муқовимати муҳофизи бонк ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Милисаи маҷруҳшуда феълан дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки муттаҳами 22-сола дар ин ҷиноят феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |