Бахшҳо
20 апр 2016 10:48Тоҷикистон / Сиёсат

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шарики шветсарии ТАЛКО

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Айван Глазенберг, директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария, яке аз шарикони корхонаи алюминиюми Тоҷикистон “ТАЛКО” густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо “ТАЛКО”-ро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки ҳанӯз ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои ҳамкорӣ имконоту иқтидорҳои истифода нашуда зиёд ба назар мерасанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария аз соли 2007 инҷониб бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар таъмини эҳтиёҷоти ин корхонаи бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийии аввалия саҳм мегузорад: “Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва афзун кардани ҳаҷми сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд”.

Ин дуюмин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти “Гленкор”-и Шветсария тайи ду соли охир мебошад. Қаблан дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тасмими “Гленкор” барои навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ва густариши иқтидори истеҳсолии он хабар дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014-ум Гленкорро аз довталабони асосии кор дар Кони Мансур хонда, таъкид намуда буданд, ки роҳбарияти он азм дорад, дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад, аммо иқдоми назарраси ширкат дар ин самт то ҳол амалӣ нашудаанд.
Мӯҳр
Магар ин президент ягон фикру андешае нисбати вазъияти мардум мекарда бошад. Оё у намедонад, ки мардуми кишвараш дар азоб аст? Агар донад, чаро чорае намеандешад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)