Бахшҳо

Аз фишор рӯи расонаҳои мустақил душманони миллат сӯистифода хоҳанд кард

Абдухалил ХОЛИКЗОДА

Як масъалае ки муддатест зеҳнамро машғул медорад, сабаб ва омилҳои ба вуқӯъ пайвастани ҷанги дохилии солҳои 90-ум дар кишварамон мебошад. Доим ин рӯйдоди нангин ва касофатборро, ки то имрӯз оқибатҳои манфиашро эҳсос мекунем, бо воқеаҳои ҳамсон, ки дар дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ рух доданд, муқоиса менамоям ва аз худ мепурсам, ки чаро дигарон тавонистанд дар вақташ чунин ҳодисаҳоро пешгирӣ кунанд, вале мо натавонистем? Чӣ бояд кард, то заминаҳо ва сабабҳои такрори онҳо набошанд? Ба гуфти яке аз дӯстон, рухдоди тақдирсоз ва таъсиргузор ҳатман зарурат ба таҳлил ва вокунишҳо доранд, то хулосаи дуруст бароварда шавад.

Ба назари банда, яке аз сабабҳои асосии ин бадбахтӣ набудани ҷомеаи шаҳрвандии бар афкори умумӣ, бар манфиатҳои миллии воқеъӣ асосёфта буд. Холигоҳи мафкуравие, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар зеҳни мардум ба вуҷуд омад, бо зеҳниятҳои иштибоҳӣ ва бунёдёфта бар манфиатҳои гуруҳҳои қудратталаб пур карда шуд ва ниҳоятан онҳо ба фоҷиа оварданд. Орзӯву омоли як гуруҳи хурди ҷомеа, ки воқеан ва сидқан хоҳони ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ буданд, ба ҷое нарасид, зеро мардум ҳанӯз онҳоро ҳамчун пешсаф намешинохт ва аз ҳадафҳо ва хостҳои онҳо огоҳии дуруст надошт.

Дар натиҷа боиси таассуф аст, ки он вақт қавмгароӣ, маҳалгароӣ, ҳизбу гуруҳбозӣ, мансабталабӣ ва қудратхоҳӣ бар ваҳдат, ватандӯстӣ, миллатдустӣ, шоистасолорӣ, мардумсолорӣ ғолиб омаданд ва дар зеҳнҳо ҷой гирифтанд. Шукр, ки мо ба сулҳу оштӣ, ба ваҳдати миллӣ расидем ва оромиву осудагӣ дар кишвари азизамон дубора барқарор гардид. Вале имрӯз ҳам мо шоҳиди он мешавем, ки хешу қавмпарастӣ, ришваву ҳаромхӯрӣ барои баъзе аз тоифаҳои ҳамватанонамон ҷузъи ахлоқ ва рафтори рӯзмарраи онҳо гаштаанд. Нигаронии мо аз он аст, ки бисёриҳо дар ин падидаҳои нангин на танҳо нанге намебинанд, балки бо онҳо хӯ гирифтаанд.

Бар болои ин, ҳанӯз ҳам мафкураи homo soveticus (“одами шӯравӣ”) дар мағз-мағзи мо ҷой гирифтааст, ки моҳияташ қудратхоҳӣ дар муқобили мардумсолорӣ мебошад ва дар он таъмини некӯаҳволии шаҳрванд меҳвар ҳисоб намешавад. Ба ҷои он ки манфиати ҳамаи мардум дар маҷмӯъ манфиати миллиро ташкил диҳад, манфиатҳои давлатро ба манфиатҳои шаҳрванд муқобил мегузорем, дар ҳоле ки манфиати давлатию миллии мо дар марҳилаи кунунӣ чизе ҷуз таъмини амнияти ин марзу бум ва некуаҳволии ҳар шаҳрванд нест! Ин аст, ки афкори иҷтимоии ҷомеа ниёз ба баррасӣ ва мулоҳиза дорад. Ва меҳвари мавзӯъи мо баррасии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули афкори умумӣ ва нақши расонаҳои мустақил дар он мебошад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоди иҷтимоии хос аст, ки бо вуҷуди он ки аз лиҳози сохтор мураккаб буда, фаъолияташ низ хеле печида аст, рисолаташ дифоъ аз манфиатҳои миллӣ мебошад. Ҷомеаи дорои афкори умумии қавӣ аксари таҳдидҳо ба амният ва рушди кишварро хунсо мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иттиҳодияҳои синфӣ, анҷуманҳои касбӣ ва ҳизбу эътилофҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад, ки ҳар кадом манфиатҳои худро доранд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллиро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандии мардумсолор дар кишварҳои шӯравии собиқ фақат дар ҷамоҳири соҳили Балтик ташаккулёфта буда, дар боқии онҳо вуҷуд надошт. Солҳои охир дар ташаккули он Гурҷистон ва Укроин низ саҳм гирифтанианд.

Зиёиён қишри махсуси ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, аз тариқи расонаҳо бо ҷомеа дар иртиботи доимианд, манфиатҳои миллиро мушаххас мекунанд ва афкори умумии ҷомеаро ташаккул медиҳанд.Ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, иқтисоддонон, олимон, рӯҳониён, раҳбарони иттиҳодияву эътилофҳо ва дигар фаъолони ҷомеа созандагон ва масъулони афкори иҷтимоӣ мебошанд. Афкори умумӣ вокуниши ҷомеа нисбат ба рӯйдодҳо ва равандҳои ҳаёт мебошад, ки ба манфиат ва ниёзҳои он асар мегузоранд. Афкори иҷтимоӣ ҷузъи афкори умумӣ буда, маҳз аз тариқи он таъсиррасонӣ ва назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ бар фаъолияти афрод ва давлатмардон амалӣ карда мешавад. Афкори иҷтимоӣ шаклҳои зиёди афкорро дар бар мегирад: афкори сиёсӣ, ақидатӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки аз ҷузъҳои он мебошанд. Дар ҳар кадоме аз ин соҳаҳо коршиносоне ҳастанд, ки аз сӯи ҷомеа эътироф шудаанд ва онҳо метавонанд дар шаклгирии афкори созгор мусоидат бикунанд. Фақат барои фаъолияти муассири онҳо фазои озоди баён лозим аст.

Созанда ва идоракунандаи афкори иҷтимоӣ зиёиён буда, ин рисолати худро аз тариқи расонаҳои мустақил амалӣ мегардонанд. Афкори умумӣ дар тарбияи афроди ҷомеа нақши асосӣ дорад. Ба вуҷуд овардани афкори умумии дуруст ҷомеаи моро дар лаҳзаҳои ҳассос аз балоҳо эмин медорад. Масалан, имрӯзҳо ба гуруҳҳои ифротӣ рӯй овардани ҷавонон асосан аз каммаърифатии эшон маншаъ мегирад. Ҳамон тавре ки хало дар зеҳнҳо пас аз пошхӯрии шӯравӣ бо идеяҳои иштибоҳӣ пур шуда буд, алъон ҳам таблиғоти номатлуб рӯи зеҳнҳои шаклнагирифта ва ноустувор сурат мегирад ва мо шоҳиди натиҷаҳои номатлуби он ҳастем. Дар ҳоле ки вуҷуди коршиносони варзида ва ватандӯст ва расондани моҳияти навиштаҳои онҳо ба ҷомеа зеҳнҳои мардумро ба фикри дуруст ҳидоят намуда, аз каҷравиҳо эмин нигоҳ медорад. Ё масалан, мушкили асосии иқтисоди кишвар ба адами шоистасолорӣ марбут аст. Вокунишҳои зиёиён дар ин росто нокифоя буда, низ аз сӯи ҷомеа дастгирӣ намеёбанд ва дар натиҷа беасар мемонанд.

Абзори асосии робитаи зиёиён бо мардум, инъикоси вокуниши ҷомеа ба рӯйдодҳо ва дар натиҷа пайдоиши андешаи миллӣ озодии баён ва вуҷуди расонаҳои мустакил мебошад. Расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнкунандаи навиштаҳои ин коршиносони соҳаҳо ва ташаккулдиҳандаи ҳувияти (менталитет) дуруст дар зеҳни афроди ҷомеа мебошанд. Албатта, вуҷуди расонаҳои соҳавӣ зарур аст, то алоқамандон тавонанд ба навиштаҳои мутахассисони соҳаҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр вуҷуди расонаҳои мустақил муҳимтарин падида аст, ки бояд аз сӯи давлат ва ҷомеа ҳаматарафа дастгирӣ ёбад. Хатто барои ба вучуд омадани расонаҳои соҳавӣ субсид низ бояд дод. Агар вазъи молии давлат иҷоза намедиҳад, ки ҳадди аққал расонаҳоро аз молиёт озод намояд, пас ҷомеаро мебояд, ки ба тақдири фардои худ бепарво набошад ва расонаҳоро дастгирӣ кунад. Обуна шудан ё харидани доимии рӯзномаву маҷаллаҳо дар ниҳоят барои ҳар кас ночиз бошад ҳам, дар маҷмӯъ муҳимтарин саҳме дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ аст!

Давлат аз тариқи таблиғоту ташвиқот таъсири худро дар ташаккули афкори иҷтимоӣ мегузорад ва дар ин ҳолат як навъ тавозун дар шаклгирии афкори умумӣ риоя мешавад. Чи тавре ки расонаҳои вобаста ва зери таъсири ҳукумат мавқеи онро мушаххас мекунанд, расонаҳои озод назароти дигарандешонаи коршиносонро чоп карда, дар риояи манфиатҳои миллӣ ва ташаккули афкори миллӣ саҳм мегиранд. Фазои тарс, мутаассифона, ошкорбаёниро монеъ мешавад ва набудани расонаҳои мустақил расонидани матлабҳои мутахассисон ба ҷомеаро душвор мегардонад ва тавозун халалдор шуда, афкори иҷтимоӣ дуруст шакл намегирад, дасткорӣ (манипулятсия) мешавад ва манфиатҳои миллиро ҳимоят намекунад.

Чун давлатмардон низ шаҳрвандони ин кишваранд ва дар ниҳоят аз ҳимояи манфиатҳои воқеии миллӣ манфиатдоранд, бояд озодии баёнро таъмин намоянд фишору таъқиб барои баёни андеша канор гузошта шавад ва аз коршиносон ҳимоят кунанд. Фишор рӯи расонаҳои мустақил ҳамон халоро дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд меорад, ки аз он душманони миллат ҳатман сӯистифода хоҳанд кард. Вақте муколама байни ҷомеа ва давлат дуруст ба роҳ монда нашуда бошад, сӯитафоҳумҳо пайдо мешаванд ва ба тадриҷ ваҳдати миллӣ халалдор мешавад. Дар асри интернет дигар роҳи банду фишор муассир намебошад, зеро ҳар нафаре, ки телефони ҳамроҳ дорад, аксбардор ҳам дорад ва ба сомонаҳои баста низ аз тариқи филтршиканҳо дастрасӣ дорад. Аз сӯи дигар фаъолони ҷомеаро мебояд ба тақдири фардои миллати худ бетараф набошанд ва матлабҳои худро, пеш аз ҳама, бо дарки масъулият бинависанд. Теъдоди зиёди зиёиёни мо дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, ки низ бояд саҳми худро дар ташаккули афкор дар соҳаи худ бигузоранд, зеро ба гуфтаи шоири зиндаёдамон Мастон Шералӣ:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаӣ бе ёди Ватан беватан аст!


Хулоса, озодии баён, дастгирии расонаҳои мустақил, фазои озоди баёни андеша, масъулиятшиносии коршиносон омилҳои ба манфиатҳои миллӣ мусоидаткунанда мебошанд, ки бояд ҳам аз сӯи давлат ва ҳам аз сӯи ҷомеа ҳифз шаванд!
Ростӣ, ба сахтӣ мешавад масъалаи дигареро пайдо кард, ки барои имрӯзу фардои кишвар ин қадр аҳаммият дошта бошад!


Бознашр аз саҳифаи Фейсбукии муаллиф
Мӯҳр
Мантик сар шуд оли ва давомаш фалсафа шуд. Ин гапхо чи лозим дарси фалсафа омухтан? Мано надорад ин кадар навиштачотхо. Муалиф чи мехохад худаш намедонад.

Муҳаққиқ
Муаллиф чизе гуфтанӣ ҳаст, вале ҳунар ва маҳорати баёни матлаб коста аст. Масъалаи пеш гузоштааш бад нест, танҳо онро гуфта тавонистан даркор.

Darvesh
Muhataram Абдухалил ХОЛИКЗОДА!
In sukhanon sukhanoni Shumo nest! Raven ba biznesi khud mashgul shaved!

шахрванд
хак офарин устод Абдухалил

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)