Фарҳод ва Баҳодур барои дарёфти роҳхати олимпӣ ба Улан-Батор рафтанд
Ду варзишгари тоҷик барои қувваозмоӣ ва дарёфти роҳхат ба бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ба Муғулистон рафтаанд.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” гуфтанд, Фарҳод Анақулов ва Баҳодур Қодиров аз намуди гӯштии тарзи озод шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳанд кард. Ба иттилои манбаъ, паҳлавононро дар ин сафар мураббӣ Абдурозиқ Олимов ҳамроҳӣ мекунад.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии тарзи озод дар пойтахти Муғулистон шаҳри Улан-Батор аз 20 то 26 апрели соли равон баргузор мешавад.
То имрӯз танҳо ду варзишгари тоҷик – Дилшод Назаров ва Комроншоҳи Устопириён ба дарёфти роҳхати олимпӣ мушарраф гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |