Бахшҳо
20 апр 2016 17:13Тоҷикистон / Сиёсат

Пажуҳиш: Бештари сокинони манотиқи сарҳадӣ хабарҳои марзро аз расонаҳои хусусӣ мегиранд

Бештари сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон хабарҳоро аз расонаҳо мегирифтаанд. Ба ин хулоса коршиносони Академияи пойгоҳи хабарии “Мавҷи Олмон” дар пайи як таҳқиқот расидаанд.

Ин пажуҳиш ба манзури беҳбуди пӯшиши хабарии минтақаҳои марзии ду кишвар анҷом шудааст. 40 дарсад (108 нафар)-и сокинони манотиқи бо Қирғизистон ҳамсарҳади Тоҷикистон, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд, посух додаанд, ки хабарҳои марбут ба марзро аксаран аз расонаҳо дарёфт мекунанд.

27 дарсад (75 н) изҳор доштаанд, манбаи хабарии онҳо хешону наздиконашон аст. Танҳо 21 шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, хабарҳо дар робита ба марзро аз намояндагони ҳукумат, бо шумули марзбонон мешунаванд. Муаллифони таҳқиқот ба ин натиҷа расидаанд, ки 25 дарсади назардодаҳо иттиллоъ оид ба марзро аз ҷойҳои ҷамъиятӣ мегиранд.

Тибқи ин таҳқиқот бештари мардум аз миёни расонаҳо бештар телевизионро тамошо мекунанд. Бештари пурсидашудаҳо гуфтаанд, телевизионҳои “ТВТ” (20.8%), “Сафина” (8.9%) ва “Чаҳоннамо” (5.9%) дар расонидани хабарҳои марзӣ пешгоманд.

Дар ҷойи дуввум нашрияҳо, сеюм интернет ва камтаринашон радио гӯш мекардаанд. Аммо бар асоси ин таҳқиқот мардум ин назарро ҳам доштаанд, ки расонаҳои чопии давлатии Тоҷикистон дар кори худ мустақил нестанд ва аз ин хотир 65 дарсади назардодаҳо изҳор доштаанд, ба расонаҳои хусусӣ муроҷиат мекунанд. Дар ин миён 59,3% гуфтаанд ба расонаҳо ба ҳайси манбаи хабар бовар доранд. Аммо, 22,5% ба хешу наздикон, 8,7% ба намояндагони ҳукумат ва 3,8% ба аҳолии бумӣ ҳамчун манбаи хабар боварӣ доштааст.
Мӯҳр
Ин чӣ таҳқиқот, ин чӣ хабари нодруст ??? Инро ки гузарондаст кай дар кучо ????
Охир, ТВТ, Сафина "Ҷаҳоннамо" умуман тамоми телевизионхои Точикистон дар бораи ҳодисаҳои сарҳад ягон бор чизе нишон намедҳанду як калима ҳам гап намезананд. Макомот ичозат намедиханд.
Дар сархад тирпаррони шахрвандони точикро чанд бор паррониданд лекин ягон телевизиони Точикистлон нишон надод ????!!!!
Ин пажуҳиш дуруг, дар кабинет нишаста навишта шудааст ягон кас назди сокинони сарҳад нарафтааст....
Чи даркор хамин хел "таҳқиқот" ҳои дуругин ????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)