Омбудсмен: Дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 300 қирғизистонӣ нигаҳдорӣ мешавад
Дар маҳбасҳои Тоҷикистон 320 шаҳрванди Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Ин нуктаро Кубатбек Оторбоев, омбудсмени Қирғизистон изҳор доштааст.
Ӯ дар гузориш ба вакилони Жогорку Кенеш, парлумони кишвараш ҳамчунин изҳор доштааст, теъдоди қирғизистониҳое, ки дар зиндонҳои Русия қарор доранд, ба 2549 нафар мерасад.
Дар ҳамин ҳол, Турабой Зурфиқоров, вакили парлумон яке аз сабабҳои аслии пушти панҷара рафтани шаҳрвандони Қирғизистон дар Русияро надонистани забон гуфтааст: “Қирғизистониҳо барои пешбурди зиндагии худ ба Русия мераванд. Баъзеи онҳо мегӯянд, бо далели надонистани забон ҷурмҳоеро, ки содир накарда буданд ба гардан гирифта, зиндонӣ шуданд. Мо бояд онҳоро кумак намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |