Бахшҳо
22 апр 2016 11:40Тоҷикистон / Сиёсат

Интиқоди Президент аз сатҳи таълим: Маркази тестӣ дониши воқеиро муайян мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 апрел аз сатҳу сифати таълим дар макотиби миёнаи кишвар интиқод кардааст.

Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 апрел зимни ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон зикр кардааст: “Соли сеюм аст, ки хатмкунандагони мактабҳои кишвар барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ тавассути Маркази миллии тестӣ имтиҳон месупоранд”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи ду соли гузашта ошкор сохт, ки сатҳу сифати таълим дар кишвар ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва масъулони соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон ва дигар сохтору мақомотро зарур аст, ки ба сифати таълим диққати махсус диҳанд ва назоратро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ҳоло падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бовар ҳосил кардаанд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи воқеии дониши ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад: “Соли гузашта ҳамагӣ 73 ҳазор нафар хатмкунандагон дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Тибқи маълумот имсол то ҳамин рӯз беш аз 80 ҳазор нафар довталабон ба қайд гирифта шудаанд. Имкон дорад, ки ин шумора дар чанд рӯзи боқимонда то 83-84 ҳазор расад. Рақамҳои зикршуда далели равшани торафт зиёд шудани талабот ба таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки албатта, хуб аст”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба падару модарон таъкид намудааст, ки барои таълиму тарбияи фарзандони худ аз хурдсолии онҳо ҳеч чизро дареғ надоранд: “Ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки сармоягузорӣ барои рушди фарзандон дар айни замон сармоягузорӣ ба ояндаи ободу осудаи худи фарзандон ва волидайн, пешрафти ҷомеа ва ободии давлат мебошад”.
Мӯҳр
мехмон
Ин кадар хатмкунандагони мактабхои оли бисер , аммо чои кор нест! Аз 1000 кас 10 нафар чои кор меёбанду дигарон ба мухочират ! Бо дипломи олии донишгохи Точикистон кучаруби Россия !
Мухтарам Пешвои Миллат !! Чаноби Олимаком !! Оё шумо медонед ки мо рейтинги худро дар байни дигар миллатхо гум кардаем , хатто аз киргизу узбакхо кафо мондаем. Аз Шумо ин нишондодхоро руйпуш мекунанд.
Албатта идхое ки ба Шумо баргузор мекунанд ин ,, маскировка" ва курсихои худро мухофизат кардан хаст. Барои ба Шумо савол додан як мох саволдихандаро дарс медиханд , ки мабодо харфи хатое нагуяд !!!

Donishju
Muhtaram Janobi oli peshvoi Millao az kujo padar modari mo baroi mo sharoiti khubro tammin kunan az Sole ki Khudam ro meshnisam padaram muhojir ast va puli kor kardaash fagat baroi 4 farzandash nerasad

nabi farhor
Мехмон бо суханони шумо хамфикрам.Дар ш.Норак корхонаи ресандаги бо иштироки Президент кушода ва ба истифода дода шуд.Таърифхое карданд ки чансад чойхои кории нав.Аммо як ё ду мох нагузашта тарики Тв -тамошо кардам,хама фарсуда.Биёед мо худнамоихоро кам кунем.

gggg
MUHTARAM PESHVOI MILLAT VAZI IMRUZI MAMLAKAT VAHIM AST AGAR IN RAVAND HAMINGUNA DAVOM KUNAD OYANDAI DAVLAT DAR XATAR AST
90 DARSADI KORKUNON FAKAT DAR FIKRI PUR KARDANI JAYBI XUD HASTAND BAROI RUZI MABODO
DAR FIKRI MAMLAKAT VA MARDUM BOSHED

Рост гуптен, Чаноби оли ва пишвои миллат !!!!! маориф факат дар мактабхо бо хар бахона аз талаба 20 сомони чамъ мекунаду ба таьлим тамоман диккат наметиан!!!?????

Саидшох
Бадбахти ва ё бухрони маориф аз дасти вазири маориф аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)