Бахшҳо

Вакили парлумони Тоҷикистон: Аз ҳолатҳои қатли муҳоҷирони тоҷик огоҳем...

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳолатҳои куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия огоҳанд ва онҳоро дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҷаноби Ғаффоров, ки узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳам ҳаст, ба “Озодагон” гуфт, онҳо дар робита ба қазияҳои марбут ба қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия дар Душанбе ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намуда, ҳалли мунсифонаи онҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро талаб мекунанд.

Ӯ мегӯяд, медонад, ки бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, зиндагии басо мушкил ва сангин доранд. Ин вакили парлумон сабабҳои аслии онро надонистани забони русиву ҳуқуқҳои худ ва урфу одати он кишвар арзёбӣ кард: “Баъзан мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо байни худ низ низоъҳои шадидро ба миён меоранд, ҳар ҷавоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, бояд ҳаматарафа омода бошад”.

Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод кард, ки дар кишвар гуруҳҳои махсус ташкил шуда, қабл аз ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандон савияи донишу ахлоқи онро бисанҷад: “Ба онҳое, ки арзанда нестанд, иҷозаи аз марз баромаданро надиҳанд, чунки ҳар муҳоҷире, ки за марзи кишвар мебарояд, дар хориҷи кишвар анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми моро муаррифӣ менамояд”.

Ин вакили парлумон афзуд, бояд ширкатҳое таъсис гардад, ки бо ширкатҳои ҷониби Русия шартнома баста, ҷавононро аз рӯи касбу ихтисосашон дар он кишвар бо кор таъмин намоянд: “Набояд ҳамаи мо рафта, дар он ҷо арбокашӣ кунем”.

Ду ҳафтаи ахир аз Русия хабари марги дасти кам даҳ муҳоҷири тоҷик расид, ки бештари онҳо кушта шудаанд.
Мӯҳр
точикистони нав
аз огохии шумо чи фоида шумо ба кори худ амал кунед пешво созеду иди рузи перезидент эълон кунед

Ин депутат хо халкардани масоилро надоранд! Факат маън ё хабз ё чарима! Хуб мешуд халкарданро меомухтед бачои монъ ё тафтиш!точикистони нав,

мехмон
Мухтарам чаноби ,,вакил" : ,, Мо мухочирон урфу одатхои халки русро намедонем. Оё шумо урфу одат , сарконун ва демократияро медонед??"
Агар донед барои чи мо мухочирем ?? Оё мо гунахкорем ки дар Ватан кор нест ??
БА ГУФТИ ШУМО КАДОМ ШАХСЕ КИ ДАР РОССИЯ МЕМИРАД Ё МЕКУШАНДАШ ХУДАШ ГУНАХКОР !!! ОФАРИН ШУМО ЭКСПЕРТИ БЕХТАРИН БУДАЕД !!!

Пирмад
Гаффоров, мутаасифона чои баъзе муъочирро дар парлумон ту гирифтаи, пас нафари дар чои ту менишастаги аз бекори мухочири ичбори шудааст. Магар мухочират метавонад арзиш дошта бошад ва ё арзиш надошта бошад, ки мегуи “Ба онҳое, ки арзанда нестанд, иҷозаи аз марз баромаданро надиҳанд, чунки ҳар муҳоҷире, ки за марзи кишвар мебарояд, дар хориҷи кишвар анъанаҳо ва урфу одатҳои мардуми моро муаррифӣ менамояд”?

Бесавод
Барои он,ки ягон хешу табор е фарзандони дар ном вакилони мардуми дар мухочирати мехнати карор надоранд ва ин вакилони ба ном мардуми факат дар фикри некуахволии худашон ва наздиконашон хастанд. Мардум аз ин вккилони ба ном мардуми безоранд ва инро худашон хам медонанд.

хай мумкин сари хами чаноби Гаффоров чарх задаст,ки чунин як пешниходхову хабархои луQшударо пешниход кардааст. инро фахмидан даркор. ба хаминашам шукр ки ба мо мерасонанд. дигар депутат хо кадубарин саро дам

мухочир москов
точикистони нав,
Натанхо огоханд ,онхо хатто медонанд ки худи мухочирон дар марги худ гунахкоранд .

саид
МО гунахгор таваллуд шудаем мегкушанд гунахгорем мепаронанд гунахгорем хар сол1000 гроб мебаранд Точикистон ки мегуяд аз дигар давлатхо чанд гроб мебаран аз росия???????????????

Мухтарам Гаффоров! Хамаи МО нагуд хеч гох, зеро шумо узви чомеаи имрузаи кашоки точик нестед. Имруза мардуми точик ба ду гурух чудо шудааанд: ба ЭЛИТА ва дигарон. То вакте ки чойхои кории кофи ва маоши хубро ба шахрвандон мухае накунад хукумат, ин аробакаши, харруз бо таври вахши куштан, тахкир ва дигар амалони зишт ба точикон тамом намешавад ва тадричан боло меравад. Шумо бошед депутатхо, хубаш боз фикр кунед ки ба Президент кадом унвонхо намерасанд ва боз кадом идхоро бояд чашн гирифт. Зеро аз дасти шумо дигар хеч чиз намеояд, гарчанде гуе МО органи олии конунбарор аст.

Дегчабоз.Бозор.
Ин Гаффоров хам ба орзуяш расищ.Депутат шудани орзу бшт ба орзуяш расид.Хушгмадгуи раками 1- ин мусафед будааст.Боз ба мухочирон часпидааст.Хой ако,мухочиронба дониш додан даркор,ки бесаводхояш бурун аз чумхури наравад.Боз як воситаи пул коркунии идорашинхо.Точикистон пурра бесавод баровардасос ми?

мухочирин
Бояд хаматарафа омода бошанд аниктар карда мегуфи бо кадом шароити ту омодакарда тайор шавем ?

хистеварзи
Шумо мухтарам вакил аввалин нестед ваохирин нестед,ки мардуми худро дар хама вакт ва дар хама холат гунахкор медонед.Шумо хам як нафари мохастед.

Мухочир
Ин гурухе ки ба ном вакил пешниход кард боз мухочирон ба онхо пора диханд то ки ба мо мухочирон ичозати сафар диханд хамин тавр не бародарон. ( ин вакили тасодуфи чи гутанашро намедонад)!!

"Серро чи парвои гурусна"~мегуянд... и депутатхову мансабдорхо захри мухочиратро начашидагиян, яьне зиндагишон бе мухочир хубай, гами дигаронро надоран ...!!!!!?????

Суруш
Ин "вакил"-ро рост бояд монд, у на вакил асту на уро касе интихоб кардаасту на ба хизбаш низ касе овоз додааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)