Бахшҳо
23 апр 2016 10:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси интиқоли маводи сӯхти Покистон ба Тоҷикистон

Рӯзномаи “The Nation”-и Покистон аз баҳси содироти маводи сӯхт миёни ниҳодҳои ин кишвар ба Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои ин нашрия, Тоҷикисон аз ширкати “Нафти давлатии Покистон” дархости содироти 100 ҳазор тона солярка кардааст, аммо ба назар мерасад Вазорати тиҷорат ва Дафтари федеролии даромад монеи ин иқдом шудаанд.

“The Nation” бо такя ба манобеи худ навиштааст: “Вазорати тиҷорат гуфтааст, “Ширкати давлатии нафт” барои содироти солярка бояд иҷозатнома дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати нафт ва захираҳои табиӣ” қаблан аз Дафтари федеролии даромад дар мавриди рӯшан сохтани масоили андоз ва дигар масоили интиқоли нафт дархост фиристод, вале бо гузашти ду моҳ ҳанӯз мунтазири ҷавоб мондааст”.

Манбаи ин нашрия гуфтааст, тавсияи Вазорати тиҷорат дар мавриди иҷозатнома барои содир кардани нафт ба Тоҷикистон коромад нест. Зеро дар ин маврид арзиши маводи сӯхт боло меравад ва Душанбе онро намехарад: “Агар ширкати “Нафти давлатии Покистон” соляркаро ворид кунаду андоз пардозад ва баъдан онро ба Тоҷикисон содир кунад, табиист раванд ба дарозо мекашаду нархи маҳсулот гарон мешавад”.

“The Nation” масрафи нафту газро дар Тоҷикистон аз 2,5 то 3 миллион литр дар як рӯз ҳисоб карда, таъкид кардааст, баъди бартараф шудани таҳримҳои Эрон ин кишвар ҳам ба содироти маводи сӯхтро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Қаблан ниҳодҳои тиҷоратии Эрон дар пайи лағви таҳримҳо аз интиқоли 2.9 миллион литр сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Муҳаммади Қароӣ, мудири ширкати миллии пахши фаровардаҳои нафтии минтақаи Хуросони Разавӣ гуфта буд, ин нахустин бор аст, ки Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ мунтақил мекунад. Ширкатҳои нафтии Эрон Тоҷикистонро “як бозори билқувва” барои содироти сӯзишвории дизелӣ ва фаровардаҳои нафтӣ медонанд.
Мӯҳр
кишоварз хатлон
Чаро МО мардум худро гуломи хукумати русхо мекунему ,бо хукуматхои хам динну хамзабон мутахид намешавем,аз тачрубаи аврупову амрико хулоса барорем мутахидии онхо аст ки онхо то чанд Тараки Карда истодаанд, русияи посредник дар ягон давру замон намехохад ки мардуми осиеи маркази хушбахтона зиндаги кунад.

nabi farhor
Хамаи мо медонем,ки газу нафти Руссия мачбуран ба Точикистон ирсол мегардад.Шумо бинед,ки як барел нафт 100-107$ буд дар Точикистон бензин 5-5,5с.Хозир як барел нафт аз 27$-то 44$ поин рафто то хол бензин 5,5с.Агар нафт аз Эрон ворид гардад мумкин бензин арзонтар фурухта шавад.

Муҳаммад
Цитата: кишоварз хатлон
кишоварз хатлон

бале бародар ҳақиқатро гуфти

Беизор
Беизор ба бекурта ҷома мепушонидааст!
Покистон худашон ҳама сузишвориешон импорт аст. Аз куҷо ба мо экспорт мекардааст?
Боз яке популизмои сиёсии Ҳукумати Навоз Шариф.
Беҳтараш мо бо Эрон муносибатҳоро хубтар кунем ва бозичаи сиёсатои популистии покистону Авғонистон нашавем.

наим ализода
дар точикистон хазорхо тона нафт дар систернахо хобрафтаасту аз дигар чоин нафтро харидори мекунем аиб аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)