Бахшҳо

Маросими бозгашти ҳоҷиён аз Макка ба Тоҷикистон оғоз гардид

Гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик пас аз тавофи Каъба имрӯз, 11-уми ноябр ба Душанбе бармегарданд.


Дар ин бора зимни як ҷаласаи муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Сомон Эйр», Кумитаи оид ба корҳои дин, сохторҳои қудратии ВКД, Хадамоти гумрук ва шӯъбаи назорати сарҳадии назди фурудгоҳ иброз гардид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур сардорони хадамот ва шўъбаҳои фурудгоҳ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ вобаста ба ташкили хуби кор дар давраи қабули зойирин пешниҳод ва дархостҳои худро иброз доштанд.Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Мухтор Мавлонов иброз дошт, ки барои қабули ҳоҷиён тамоми чораҳои зарурӣ дида шудааст ва боварӣ ҳаст, ки сохторҳои марбута мекӯшанд то маросими қабули ҳоҷиён бе камбудӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, муовини сарвари кулли фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе Азиз Иброҳимов иброз дошт, ки фурудгоҳ барои қабули хоҷиён пурра омода аст. Қайд гардид, ки бозгашти зойирини тоҷик аз Макка то аввали моҳи оянда идома карда, ҳавопаймои охирини онҳо рӯзи 3-юми декабр ба Душанбе меояд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)